Ноҳияи Лахш соҳиби бинои нави Раёсати молия шуд
12 сентябр бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Раёсати молия дар ноҳияи Лахш ба истифода дода шуд.
“Бинои нави шуъбаи молия аз ду ошёна ва таҳхона иборат буда, бо маблағи 3 миллиону 700 ҳазор сомонӣ сохта шудааст”,-иттилоъ медиҳад хадамоти матбуоти Президенти кишвар.
Бинои нав аз 10 ҳуҷраи корӣ, китобхона, маҷлисгоҳ, ҳуҷраи техникӣ, бойгонӣ ва дигар иншооти ёрирасон иборат буда, барои кормандон шароити хуби фаъолият фароҳам гардидааст.
Сохтмони бино соли 2021 оғоз гардида, бо сифати баланди меъморӣ ба анҷом расонида шуд. Ҳуҷраҳои он бо мизу курсӣ ва таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз гардидааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ