Ноҳияи Рӯдакӣ: Бахшида ба Рӯзи Артиши миллӣ чорабинии идона баргузор гардид

Ба муносибати 29-умин солгарди Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси директори Муассисаи давлатии Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П. Бӯйдоқов Разоқзода Салоҳиддин Шамсиддин дар муасиссаи таълимӣ чорабинии бошукуҳи идона доир гардид.

Бино ба иттилои бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Рӯдакӣ, дар чорабинӣ мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи ноҳияи Рӯдакӣ Муҳаммадии Салим, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия Абдулло Сатторӣ, хабарнигорони шабакаҳои телевизионӣ, устодону донишҷӯён ва дигарон иштирок намуданд.

Ҷамъомадро директори таълимгоҳ Разоқзода Салоҳиддин Шамсиддин ифтитоҳ бахшида, ҳозиринро ба ифтихори 29-умин солгарди Рӯзи Артиши миллӣ табрик намуда, мақсади гузоронидани чорабиниро тарбия намудани донишҷӯён дар руҳияи баланди ватандӯстиву ифтихори миллӣ арзёбӣ кардааст.

Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Муҳаммадии Салим оид ба гиромидошти Артиши миллӣ ва саҳми афсарону сарбозони далеру шуҷоъ дар таъмини осоиштагии халқ ва ҳифзи якпорчагии Тоҷикистони азиз андешаҳои пурмуҳтаво баён намудааст.

— Баъди суханҳои табрикотӣ барномаи омодакардаи омӯзгорони таълимгоҳ Шаҳло Шарипова, Қурбоналӣ Шомаҳмадов, Фарҳод Мирзоев, Ёрмуҳаммад Асомиддинов, Меҳроби Лутфулло, Шералӣ Урозов таҳти унвони “Артиши миллӣ — сипари боэътимоди Ватан” пешкаши ҳозирин гардонида шуд,- меафзояд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *