Ноҳияи Сино: На танҳо партовгоҳ, варзишгоҳи замонавӣ низ сохта мешавад (аудио)
Муроҷитаи дастаҷамъонаи сокинони маҳаллаи Арбобхотуни ноҳияи Синои шаҳри Душанбе оид ба мушкилот ва баҳси замини нуқтаи партовгоҳ аз ҷониби гуруҳи кории созмонёфта аз ҳисоби мақомоти дахлдори давлатӣ мавриди санҷиш қарор гирифта, ҳолати худсарона ғасб намудани қитъаи замин ва табдил додани он ба истифодаи хусусӣ тасдиқ нагардидааст.
Бино ба иттилои Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, гарчанде дар маҳаллаи мазкур 3 нуқтаи партовгоҳ вуҷуд дошта бошад ҳам, сокинони ин маҳалла солҳои тӯлонӣ партовҳои маишии худро дар макони номуқарраргардида партофта, боиси ба миён омадани бӯйи ғализ ва паҳн гаштани он ба атроф гардидаанд, ки ин ҳолат норозигии сокинони ҳамшафати ин партовгоҳро ба бор овардааст.
— Ҷиҳати ба талаботи шаҳрдорӣ мутобиқ намудан ва ободу зебо гардонидани як гӯшаи пойтахт гуруҳи корӣ дар якҷоягӣ бо сокинону фаъолони маҳаллаи Арбобхотун тасмим гирифтанд, ки дар макони мавриди баҳс нуқтаи партовгоҳ ва майдончаи хурди варзишӣ барои сокинони маҳаллаи мазкур сохта ба истифода дода мешавад,- меафзояд манбаъ.
Хабарҳои моро дар Телеграм пайгирӣ намоед: https://t.me/tojikistontimes
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ