Ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ ва Фирдавсии пойтах аз “имтиҳон”-и Убайдуллоев нагузаштанд

Шаҳрдори Душанбе тадбирҳои андешидаи сохторҳои дахлдори пойтахт, махсусан ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ ва Фирдавсиро ҷиҳати рафъи оқибатҳои барфи аз меъёр зиёдборида ва таъмини ҳаракати муназзами нақлиёти мусофиркашони ҷамъиятӣ ғайриқаноатбахш арзёбӣ кард.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти шаҳрдори Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев дар ҷаласаи васеи шаҳрдорӣ дастур дода, ки зери масъулияти шахсии раисони ноҳияҳо дар тарҳрезии фаъолияти минбаъдаи Раёсатҳои истифодабарии роҳҳои ноҳияҳои шаҳр ба зимистон қатъиян таҷдиди назар карда шавад. Раиси шаҳр ба вазъи таъминот бо нерӯи барқ аз ҷониби сохторҳои зертавозуни “Барқи Тоҷик” ҳам дахл намуда, сохторҳои шаҳрии ин ширкатро муваззаф сохтааст, дар ҳамкории пайваста бо субъектҳои марбутаи ширкат чораҳои мушаххас андешанд.

Раиси пойтахт дар идома аз роҳбарони субъектҳои хоҷагидорӣ ва сокинони пойтахт даъват кардааст, нерӯи барқро сарфакорона истифода намоянд ва барои гарм намудани манзилҳояшон аз аз таҷҳизоти каммасраф ва сӯзишвориҳои алтернативӣ истифода намоянд: “Инчунин, дар ҷаласа баҳри сарфаи нерўи барқ дастур гардид, ки фаъолияти нонвойхонаҳо ва гармобаҳои барқиро қатъ намуда, бо пешгирии омилҳои истифодаи ғайриқонунии нерўи барқ, пурзўр намудани тадбирҳои зиддисўхторӣ, ҳолати бо сўзишвориҳои алтернативӣ гарм кардани манзилҳои индивидуалии сокинон дар таносуби маҳаллаҳои маскунии шаҳр мавриди санҷиш қарор дода шавад”.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *