Н.Савченков: Ташаббускорони НОБ-и «Роғун» Ш.Рашидов ва М.Гапуров буданд

Таърихи 1 июл Созишнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати «Салини Импреҷило”-и Италия барои сохтмони НОБ-и «Роғун» ба имзо расид. Ин воқеа натанҳо барои Тоҷикистон, балки барои тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ таърихӣ буд. Сохтмони НОБ-и «Роғун» ҳанӯз замони Шӯравӣ бо пешниҳоди rотиби якуми Кумитаи Марказии Партияи Коммунистии Ӯзбекистон Шароф Рашидов ва котиби якуми Кумитаи Марказии Кумитаи Марказии Туркманистон Мухаммедназар Гапуров оғоз гашта буд. Барои сохтмони он беш аз 40 институти лоиҳакашӣ ва тадқиқотии Иттиҳоди Шӯравӣ ҷалб гашта буданд. Тошканд ва Институти тадқиқотии он маркази пешбарандаи ин лоиҳа буданд. Зеро ба сохтмони НОБ-и «Роғун» аз ҳама бештар Ӯзбекистон манфиатдор буд.
Баъди анҷоми сохтмони он дар Ӯзбекистон 320 000 гектар заминҳои нав обёрӣ, ҳолати обёрии 1 000 000 гектар заминҳо дар ин кишвар беҳ мегардид. Роғун нархи барқро дар Ӯзбекистон 8 маротиба арзон мекард.
Ду агрегати Роғун бояд соли 1991 мавриди истифода қарор мегирифтанд. Вале пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ, оғози ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон монеи ба анҷом расонидани он гардид. Баъдтар зеҳнгароёна кишваре, ки ташаббускор ва манфиатдори сохтмони Роғун буд мухолифи он ва баҳси иқтисодӣ ба баҳси сиёсӣ табдил ёфт. Зарурати дахолати институтҳои байналхалқӣ ба миён омад. Бонки ҷаҳонӣ бо ҷалби кишварҳо ва мутахассисони байналхалқӣ дигарбора «Роғун»-ро аз нигоҳи техникӣ, иқтисодӣ, экологӣ ва иҷтимоӣ аз экспертиза гузаронид. Хулосаи экспертҳо мусбат ва сохтмони НОБ-и «Роғун» натанҳо бар манфиати кишварҳои Осиёи Марказӣ, балки тамоми минтақа арзёбӣ гашт. Дар тендери байналхалқие, ки ин иншооти нодир баргузор гашт, ширкати «Салини Импреҷило”, ки таҷрибаи беш аз садсола дар бунёди неругоҳҳои обӣ-барқӣ дорад, ғолиб омад. Нахустсарвари НОБ-и «Роғун» Савченков Николай Григоревич, ки паймонаи умраш дар домани 90 қарор дорад, изҳори хушнудӣ намуд, ки орзуи бунёди «Роғун»-ро ӯ ба хок намебарад.
— Николай Григоревич, сабаби кашол ёфтани сохтмони НОБ-и Роғун дар чӣ буд?
— Пешниҳодҳо нисбати сохтмони НОБ-и Роғун зиёд буданд. Ширкати «Хайрок холдинг лимитид»- ИМА, Ҳукумати Покистон барои сохтмони НОБ-и Роғун таваҷҷуҳ доштанд. Тоҷикистон бояд то сарҳади Афғонистон 250 км, тавассути Афғонистон то Покистон 450 км хати барқ мекашид. Покистон омода буд, як миллиард доллари ИМА барои сохтмон ҷудо мекард. Лоиҳаи қарордод барои тасдиқ ба Шӯрои Олӣ фиристода шуда буд. Аммо ҷанги шаҳрвандӣ монеи татбиқи ин лоиҳа гашт.
Соли 1994 миёни ҳукуматҳои Русия ва Тоҷикистон созишнома дар бораи сохтмони НОБ-и «Роғун» ба имзо расид. Иҷроиши он ба души «РусАл» гузошта шуд. Ман аз ин хурсанд шудам. «РусАл» дар ибтидо соли 1997 ҷамъияти аксионерии «Роғунсервис»-ро бунёд намуд. Аммо Дерипаска муносибати манфиатҷўёна (меркантилӣ) ба ин иншоот намуд. Мувофиқи нақша ӯ бояд дар наздикии Данғара корхонаи алюминбарорӣ бунёд мекард. Барои онро бо барқ таъмин намудан, барояш баландии обанбори 200 — метра дар НОБ-и Роғун кифоя буд. Банди обро хилофи нақша мехост аз бетон бунёд кунад, ки ин комилан ғалат буд. Новобаста ба муносибати хуб доштани Президенти шумо Эмомалӣ Раҳмон бо Дерипаска, ӯ манфиатҳои миллиро боло гузошт, қатъан мухолифи пешниҳоди Дерипаска баромад. Воқеан, баъдтар ҳангоми мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон дарк кардам, ки барои ӯ манфиатҳои миллию давлатӣ аз ҳама боло меистанд. На ҳар роҳбар метавонист ба ин миқдор азобу фишорҳое, ки ба иртиботи Роғун ба сараш омад, тоб оварад. Эътироф накардани ин дидаву дониста сафедро сиёҳ гуфтан аст.
Дерипаска кӯтоҳназарӣ кард, Ҳукумати Русия исроркорӣ накард. Ман ба унвони В.В.Путин ҳамчун собиқ саринжинери НОБ-и “Норак” ва роҳбари сохтмони НОБ-и «Роғун» нома навиштам. Моҳияти НОБ-и «Роғун» ва аҳамияти иқтисодию стратегии онро шарҳ додам. Гумон доштам, ки баъд аз мутолиаи он аз ҷониби Владимир Владимирович гардиши наве дар муносиботи Русия ба сохтмони НОБ-и «Роғун» ба миён меояд. Аммо афсӯс ки нома ба ӯ нарасид ва ман аз номи С.Михайлов, муовини сардори Департаменти энергетикаи Вазорати саноат ва энергетикаи Русия номаи сатҳие гирифтам. Дар он зикр ёфта буд, ки «пешниҳодҳои хуб, ба эътибор мегирем».
Ман хеле хурсандам, ки акнун «Роғун» бунёд мегардад ва орзуи дерини ман ҷомаи амал мепӯшад.
— Мухолифини сохтмони НОБ-и «Роғун» ҳанӯз ҳам ду пой дар як кафш доранд, ки «Роғун» сохта нашавад. Чаро?
— Ҷавоби чароро аз онҳо пурсед. Аммо НОБ-и «Роғун» дер аст ё зуд бо тамоми иқтидораш сохта мешавад. Далелҳои мухолифони НОБ-и «Роғун» мисли нақш дар рӯйи реги соҳили баҳри Норак аст, ки бо расидани мавҷ шуста мешавад.
Аввал далели онҳо чунин буд, ки сохтмони НОБ-и «Роғун» боиси хушк гаштани баҳри Арал мегардад. Имрӯз НОБ-и «Роғун» нест, аммо баҳри Арал хушк шуд. Паст гаштани сатҳи оби Арал ҳанӯз ҳангоми азхудкунии даштҳои ташналаби поёноби Амударё оғоз гашта буд. Агар НОБ-и «Норак» намешуд, канали Қароқурум, ки биёбонҳои Туркманистонро ба гулистон табдил дод, бунёд намегашт. Ман дар сохтмони ин канал иштирок доштам ва ҳамаро хуб медонам.
— Шояд онҳоро хатари дар натиҷаи заминҷунбӣ канда шудани банди об ба чунин амал водор сохтааст?
— Ин афсона аст. Масъалаи устуворӣ нисбати заминларза ҳанӯз барвақт ташхис ёфта буд. Дар иртибот бо НОБ-и «Норак» ҳам ин гапҳо буданд. Баландии обанбори «Норак» 300 метр аст. «Роғун» ҳамагӣ 35 метр баландтар. НОБ-и «Норак» қариб 45 сол аст, ки дар пой устувор мебошад ва садсолаҳои дигар устувор боқӣ мемонад. Институтҳои зиёде сари ин масъала замони Шӯравӣ кор карданд. Аз рӯйи масштаби 1:50 устувории обанбори НОБ-и «Норак» зери таъсири зилзилаи сунъии аз 6 то 10 бал санҷида шуда буд. Санҷиши охирин аз рӯйи 11 бали ҷадвали Рихтер гузаронида шуд. Вале комилан таъсире ба обанбор нарасид. Ҳамаи ин маводҳо дар Институти зилзиласанҷии Тоҷикистон мавҷуд аст. Чунин як тадқиқот дар «Роғун» низ гузаронида шуд. Ин ҳама гапҳои беҳуда ҳастанд. Хулосаи Бонки ҷаҳонӣ низ воқеият будани устувории обанбори НОБ-и «Роғун» ро собит сохт.
— Пас мухолифат бар чӣ асос аст?
— Ман ҳам намефаҳмам барои чист. Ҳол он ки НОБ-и «Роғун» дар асоси мактуби муштараки роҳбарони аввали Ӯзбекистон ва Туркманистон ба бюрои сиёсии КМ ПК Иттиҳоди Шӯравӣ тарҳрезӣ гашт ва сохтмонаш шуруъ шуд. Ба ин НОБ аз Тоҷикистон дида, Ӯзбекистону Туркманистон бештар манфиат доранд. Агар он сохта шавад, дар Ӯзбекистон 320 000 гектар заминро обёрӣ, ҳолати обёрии 1 000 000 гектар заминҳо дар ин кишвар беҳ мегардад.
Дар Ӯзбекистон барқ аз ҳисоби стансияҳои аловӣ истеҳсол карда мешавад, ки 8-9 маротиба дар қиёси барқи истеҳсоли НОБ-и «Норак» гаронтар аст. Замони Шӯравӣ зимистон Ӯзбекистон ба Тоҷикистон ва тобистон Тоҷикистон ба Ӯзбекистон барқи арзон медод. Ӯзбекистон дар тобистон стансияҳои барқиашро, ки ҳар сол зарурат ба тармим доранд, боз медошт ва таъмир мекард. Мутаассифона, бо буридани хати барқи баландшиддат дар сарҳади Ӯзбекистону Тоҷикистон Ӯзбекистон ин хати пайвандгари манфиатҳои мардуми ин ду кишварро низ бурид.
Агар аз далел пурсед, ҳеҷ далеле на аз нигоҳи техникӣ, на иқтисодӣ, на экологӣ ва на иҷтимоӣ вуҷуд надорад. Ин як ғурур аст, ки тарҳи бисёр муҳими иқтисодӣ дар тамоми Осиёи Марказиро ба баҳси сиёсӣ кашид. НОБ-и «Роғун» натанҳо барои Тоҷикистон, балки тамоми Осиёи Марказӣ паравозе аст, ки силсилаи беохири қатораҳои пурборро мекашад.
Шариф Ҳамдампур

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

3 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *