Ноболиғдухтари даст ба дуздӣ зада боздошт шуд

Дар шаҳри Хуҷанд аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғ, духтари 17-солаи сокини шаҳри Гулистон бо гумони дуздӣ дастгир карда шуд.

Дар шаҳри Хуҷанд аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғ, духтари 17-солаи сокини шаҳри Гулистон бо гумони дуздӣ дастгир карда шуд, хабар медиҳад дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Бино ба иттилои манбаъ, зани 25-солаи сокини шаҳри Конибодом ба ШВКД дар шаҳри Хуҷанд муроҷиат намудааст, ки шаби 3-юм ба 4-уми апрели соли 2019, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ вориди хонаи истиқоматиаш, воқеъ дар маҳаллаи 34-уми шаҳри Хуҷанд шуда, аз он ҷо 900-сомонӣ, либосҳои занона, 1-адад телефони мобилии тамғаи “Самсунг Ҷ-5” ва шаҳодатномаи ақди никоҳ, ки арзиши умумиашон 2810-сомониро ташкил медиҳад, дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғ, духтари 17-солаи сокини шаҳри Гулистон бо гумони дуздӣ дастгир карда шуда, далелҳои шайъи қисман гирифта шуданд.

Ин ҳодиса мавриди тафтиш қарор дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *