Ноболиғи кордчазан дастгир шуд
Чуноне ВКД хабар медиҳад, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғ, писарбачаи 17-солаи сокини шаҳри Хуҷанд бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, рӯзи 1-уми июли соли 2017, тахминан соати 19:30-дақиқа, дар назди бинои “Кохи Матбуот”-и шаҳри мазкур, аз сабаби муноқишаи ба миён омада, бо ҷавонписари 20-солаи сокини ҳамин шаҳр ҷангу ҷанҷол карда, бо корди дар дасташ буда, як маротиба ба шикамаш задааст.
Дар натиҷа охирон ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхонаи марказӣ бистарӣ гаштааст.
Ин ҳодиса мавриди таҳқиқ қарор дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ