Нодира: Ба Озода Раҳмон арз мекунам

Иттиҳоми таҷовуз ба номус дар парвандаи қатли Нозима Исомиддиноваи 16-сола, сокини ноҳияи Турсунзода, ворид нашудааст.

Айбдоркунандаи давлатӣ Бахтиёр Маҳмудзода низ дар баҳси ин қазия дар Додгоҳи олии Тоҷикистон гуфт, ду ташхиси тиббии ҷасади Нозима нишонаҳои таҷовуз ба номусро ошкор накард.

Дар ҳоли ҳозир Абдулқосим Норов ва Раҳимҷон Комилов – ду ҳамсинф ва сокинони ноҳияи Турсунзода – дар курсии айбдорӣ нишаста ва бар асоси моддаи 104-и Кодекси ҷиноӣ, яъне “куштор” муттаҳаманд. Волидони Нозима Исомиддинова мегӯянд, ки аз ворид нашудани иттиҳоми таҷовуз ба номус дар парвандаи қатли духтарашон сахт нигарон ҳастанд.

​Нодира Маҳмудова, модари Нозима гуфтааст,ки  барои расидагӣ ба ин қазия аз мақомот, бахусус Озода Раҳмон – раиси дастгоҳи иҷроияи президент ёрӣ хоҳад хост.

“Агар хомӯш биншинам, Абдулқосим афв мешавад ва боз ба номуси духтари дигари ноболиғ дастдарозӣ мекунад. Мақомот мегӯянд, ки ду дафъа ташхис кардаанд, вале моро аз натиҷаи он огоҳ нанамуданд. Ҳоло ҷараёни мурофиа ба шакле сурат мегирад, ки ки мехоҳанд ӯро аз ҷурми таҷовуз ба номус халос кунанд”,-афзуд ӯ. Нодира Маҳмудова, инчунин, иддао кард, Абдулқосим Норов, ки ба куштори духтараш эътироф кардааст, набераи Ҳоҷӣ Камол, соҳибкор ва боғбони маъруфи ноҳияи Турсунзода аст ва ӯ гӯё ба раванди мурофиа таъсир гузоштааст.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *