Нодираи Собирзод: Бо дастгирии волидонам ғолиби озмун шудам

Нодира Ханҷарова (Нодира Собирзод) 11 -уми январи соли 2000 дар ш. Турсунзода, дар оилаи зиёӣ ба дунё омадааст. Донишҷӯи соли 4-уми факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст. Дар Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» аз рӯи номинатсияи «Аз ёд кардану хондани осори адабиёти ҷаҳон» ҷойи дуюмро ишғол кард. Мо бо Нодира тариқи фазои маҷозӣ ҳамсуҳбат шудем ва онро пешкаши шумо мегардонем.

-Салом Нодирабону. Шуморо, пеш аз ҳама, бо музаффариятатон дар озмун муборакбод мегӯям!

-Ташаккур. Аз лутфатон сарфарозам.

-Дар давраи мактабхонӣ чӣ муваффақиятҳо доштед?

-Давраи мактабхонии ман  давраҳои тиллоӣ буд. Аксам дар тахтаи аълочиёни мактаб овезон, худам номбардори мактаб будам  ба қавли роҳбари синфи ибтидоиям. Пайваста дар чорабиниҳои шаҳрию ҷумҳуриявӣ ширкат меварзидам. Озмуне набуд, ки бидуни ҷоиза баргашта бошам.  

-Шавқу рағбати эҷод дар шумо кай ба вуҷуд омад? Дар ин ҷода чӣ дастовардҳо доред?

-Аввалин шеърамро дар синни 9 — солагӣ навиштаам. Соли 2012 аввалин шеъргунаҳоям дар яке аз нашрияҳои ҷумҳуриявӣ ба чоп расида буд. Вақте моҳи сентябри соли 2018 Президенти мамлакатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзоёев ба шаҳри Турсунзода ташриф оварданд, бархе шеърҳои пешвозгирӣ ба чакомаҳои қалами банда тааллуқ дошт.

Ба журналистика чӣ гуна омадед?  

-Аз 13 – 14 — солагӣ инҷониб ба нашрияҳои шаҳрӣ мақола менавиштам. Қалам ягона дӯсти воқеӣ ва ҳақгӯйи ман буд, ҳаст ва мемонад.

Донистан мехостем, ки аввалин китоби хондаи Нодирабону кадом буд ва то имрӯз чанд асар мутолиа кардаанд?

-Аввалин осори бадеие, ки мутолиа кардам, «Саргузаштҳои Том Сойер» -и Марк Твен аст, ки тамоми кӯдакони ҷаҳон дӯсташ медоранд. Дар маҷмӯъ, зиёда аз 300 асари насрӣ мутолиа кардаам, ки 240 -тои онро осори адибони ҷаҳон ташкил медиҳад.

Кадом асарҳои адибон ба шумо писанд аст?

— Аз адибони тоҷик, асарҳои устод Садриддин Айнӣ, Сотим Улуғзода, Ҷалол Икромиро дӯст медорам. Аз осори адибони ҷаҳон «Ғӯрмагас» -и Э.Л. Войнич, «Савораи бесар» -и Т.М. Рид, «Содиқ ё ки тақдир» -и Волтер, «Пуаро ба тафтишот роҳбарӣ мекунад» -и А. Кристи, «Завол» — и Р. Такур, «Рӯзҳои гузашта» -и А. Қодирӣ, «Арӯси Фарғона» -и Ҷ. Зайдон… ва хеле зиёд аст, ки имкони ғунҷонданаш шояд душвор бошад.

Барои иштирок дар озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» кӣ шуморо такон дод ва ҳамеша дастгириатон мекард?

-Дар озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» бо пешниҳоди падарам ширкат варзидам. Маҳз энерҷии муҳаббати падару модарам буд, ки то даври ҷумҳуриявии озмун расидам ва шукр, ки муваффақ гаштам. Инчунин, шоири шинохта дар арсаи байналмилалӣ Абдуқаҳҳор Қосимро устод ва раҳнамои хеш медонам.

-Вақте ному насаби худро дар байни ғолибони озмун дарёфтед, чӣ ҳиссиёте шуморо фаро гирифт?

-Вақте ба ман, бо зикри ному насаб ҷоиза месупориданд, аз фарти шодию ҳаяҷон гулдастаи тадорукот омодакардаро фаромӯш кардам, ки қабул фармоям.

  -Чӣ нақшаву ниятҳои ҳастанд, ки барои амалӣ карданашон камар бастаед?

-Дар пеши худ мақсад гузоштам, ки забони арабӣ ва англисиро мукаммал омӯзам.  Ҳамчунин, ният дорам, ки дар солҳои минбаъда низ дар Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ширкат варзида, сазовори Шоҳҷоиза гардам.

Шодмон Кенҷаев,

донишҷӯйи курси сеюми факултети журналистикаи ДМТ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *