Ноиби президенти ИМА Русияро бо «таҳримҳои қавитарин дар таърих» таҳдид кард
Ноиби президенти ИМА Камала Ҳаррис ҳушдор додааст, ки дар сурати ташаннуҷи авзоъ дар Украина Русия бо таҳримҳои «бесобиқа» рӯ ба рӯ хоҳад шуд.
— Вашингтон возеҳ мефаҳмонад, ки Русия набояд ба истиқлолияти Украина таҷовуз кунад,- гуфтааст ӯ дар суҳбат бо шабакаи телевизионии CBS.
Ҳаррис инчунин таъкид намудааст, ки ҳукумати ИМА мавқеи худро бо иттифоқчиёнаш ҳамоҳанг мекунад.
Қаблан Курт Волкер — собиқ намояндаи вижаи Департаменти давлатӣ оид ба Украина аз Амрико хоста буд, ки алайҳи Русия таҳримҳои нав ҷорӣ кунад, то ин кишвар ба гузаштҳо маҷбур шавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ