Ноиби раиси ҷумҳури Эрон 63 сол зиндонӣ шуд
Собиқ ноиби раиси ҷумҳури Эрон Ҳамид Бақоӣ рӯзи 20 декабр гуфт, ки ӯро бо иттиҳоми беасоси фасодкорӣ ба 63 соли зиндон маҳкум карданд.
Бақоӣ барои ба чолиш кашидани қарори додгоҳ, ки нозирон онро ҳамчун ҳушдори сохтори муҳофизакори додгоҳӣ ба президенти пешин Маҳмуд Аҳмадинаҷод арзёбӣ мекунанд, 20 рӯз фурсат дорад.
Раиси идораи адлия дар вилояти Теҳрон Ғулом Ҳусейн Исмоилӣ гуфт, ки Бақоӣ аз рӯи иттиҳоми мухталиф дар ростои чандин ҳукми додгоҳ қарор дорад ва аз рӯи қонун бояд тулонитарин муҳлати зиндонро бигирад.
Исмоилӣ аз соли мушаххас ном набурд, иттиҳомро низ шарҳ надод ва ҳамчунин нагуфт, ки ҳукми Бақоӣ кай эълон шудааст. Аммо ӯ гуфт, ки дар робита ба ин парванда дигарон низ ҳукми зиндон гирифтанд.
Ҳамид Бақоӣ, ки аз соли 2011 то 2013, дар аҳди президенти пешини Эрон Маҳмуд Аҳмадинаҷод, дар мақоми ноиби раиси ҷумҳур фаъолият мекард, соли 2015 бо иттиҳоми фасодкорӣ барои муддати кӯтоҳ боздошт шуд.
Шӯрои Нигаҳбон- як сохтори қудратманди Эрон аз иштироки Бақоӣ дар интихоботи раёсати ҷумҳур ҷилавгирӣ кард ва ӯ барои чанд ҳафта дар моҳи июл зиндонӣ шуд.
Ҳукми зиндони Ҳамид Бақоӣ дар пасманзари таниши лафзии байни Маҳмуд Аҳмадинаҷод ва раиси идораи нерӯманди адлия Содиқ Амоли Лориҷонӣ ҷараён мегирад, ки президенти собиқ ӯро ба диктотурӣ ва бекифоятӣ муттаҳам кардааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ