Ноиби сарвазир аз мақом барканор шуд
Зойир Мирзоев, ноиб-сарвазири Ӯзбекистон дар умури кишоварзӣ ва обёрӣ баъди ҳодисаи муҷозоти масъулон дар ноҳияи Оққурғон аз мақом барканор шуд.
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ акси шаш марде нашр шуд, ки дохили ҷӯйбори оби сард рост истодаанд. Баъдтар маълум гардид, онҳоро барои об надодани заминҳои кишоварзӣ дар ҳузури ноиб-сарвазири Ӯзбекистон Зойир Мирзоев ба ин шева муҷозот кардаанд.
Баъди ин ҳодиса президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 29 октябр фармони барканории Мирзоевро содир кард. Мирзиёев ҳамзамон дастур дод, ки мансабдорони давлатӣ аз ҳадди салоҳиятҳои худ берун нараванд ва сокинонро ба кори маҷбурӣ водор накунанд.
Ба иттилои як манбаъ, се тан аз шаш марди дохили ҷуйбор мансабдорони ҳукумати Оққурғон, як тан оқсақоли маҳаллӣ ва ду нафари дигар кишоварз ҳастанд. Манобеъ мегӯянд, ин акс 25 октябр дар рӯзи сафари ноиб-сарвазири Ӯзбекистон ба ноҳияи мазкур бардошта шудааст.
Яке аз шоҳидон нақл кард, ки ҳамаи шаш мард ба хотири об надодани заминҳои гандум ба ин тартиб ҷазо гирифтаанд. Ба гуфтаи ин шоҳид, ҷазо дар мазҳари ом — дар ҳузури ноиб-сарвазир ва инчунин роҳбарияти вилояти Тошканду ноҳияи Оққурғон сурат гирифтааст. Шоҳиди ҳодиса мегӯяд, шаш мард дохили ҷуйбори оби сард 40-45 дақиқа рост истода, баъдан бо либоси тар дар кӯчаҳо қадам задаанд.
Дар ҳамин ҳол, вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ӯзбекистон хабар дод, ки мансабдорон барои роҳ додани ин ҳодиса тибқи қонун ҷазо дода мешаванд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ