«Нокаут»-и Комроншоҳ Ё ду дастоварди бузурги варзишгари муҷозотшуда

«Нокаут»-и Комроншоҳ

 Ё ду дастоварди бузурги варзишгари муҷозотшуда

Комроншоҳи Устопириён, паҳлавони маъруфи тоҷик, дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷудо (дзюдо)-и Осиё дар Ҳонконг ба унвони чемпионӣ сазовор шуд ва соҳиби медали тилло гардид. Ӯ рӯзи 27-уми май дар қувваозмоии финалӣ дар вазни то 90 кило бар Ислом Бозбоев аз Қазоқистон пирӯз шуд.

Комроншоҳи Устопириён соли 2016  дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷудои Осиё, ки моҳи апрел дар шаҳри Тошканд — пойтахти Ӯзбекистон баргузор шуда буд, дар вазни мазкур ҳамаи рақибонашро шикаст дода, соҳиби медали тилло гардида буд.

Акнун Комроншоҳ дукарат Чемпиони қитъаи Осиё гардида, дар ҷавоб ба муҷозоти муғризонаи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осиё ва Тоҷикистон беҳтарину пурзӯртарин паҳлавон буданашро  исбот кард.

Комроншоҳ  баъди ду пирӯзӣ дар даврҳои муқаддамотӣ бар Алдикан Ғанам, ки таҳти парчами Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) ба майдон омад ва Муҳаммадкарим Хуррамов аз Ӯзбекистон, ба дар даври ниманиҳоӣ роҳ ёфта ва Шоичиро Мукаи аз Ҷопонро мағлуб кард.

Паҳлавони дигари тоҷик Саидҷалол Саидов рӯзи 27 май дар вазни зери 100 кило, ки дар даври аввал озод буд, дар даври баъдӣ аз Ҳусейн Шоҳи покистонӣ шикаст хӯрд. Сипас ӯ бар Иван Ремаренко (Аморати Муттаҳидаи Араб) пирӯзӣ ба даст овард. Баъдан Саидҷалол Саидов барои медали биринҷӣ аз Шералӣ Ҷӯраеви ӯзбекистонӣ шикаст хӯрд ва дар натиҷа мақоми панҷумро соҳибӣ кард.

Ду моҳ пештар  Комроншоҳ медали нуқраи мусобиқаи байналмилалии ҷудоро дар Анталияи Туркия ба даст оварда, гӯё ғаразмандонашро нокдаун зада буд, ки аз комёбиаш  ҳатто дар сомонаи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ҳарфе хабар надоданд. Ин дафъа низто нифирузии 29 май дар бораи ин комёбии бузурги Комроншоҳ на дар сомонаи кумитаи номбурда ва на дар сомонаи Кумитаи миллии олимпӣ ягон сатр нанавиштаанд.

Фарз кардем, агар паҳлавони дигар Саидҷалол Саидов, ки дар чемпионати мазкур дар вазни 100 кило ҷойи панҷумро нею   медали биринҷӣ мегирифт,  пеш аз ҳама, Федератсияи ҷудои Тоҷикистон (раисаш Нурулло Лоиқов) итминон дорам ӯро бо карнаю сурнай ва гулу гулдастаҳо истиқбол мегирифтанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

2 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *