Нокомии футзалбозони ҷавони тоҷик дар Чемпионати CAFA-2022

Дастаи ҷавонони футзалбози Тоҷикистон дар Чемпионати CAFA-2022 миёни дастаҳои мунтахаби то 19-сола дар Қирғизистон се бозӣ анҷом дод, ки дар ҳамаи бозиҳо шикаст хӯрд.

Шогирдони Мустафо Афшорӣ дар даври якум дар Чемпионати футзали CAFA-2022, ки дар Бишкеки Қирғизистон бо ширкати дастаҳои Ӯзбекистон, Эрон, Афғонистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон идома дорад, аз дастаи ҷавонони Ӯзбекистон бо натиҷаи 1:3 шикаст хӯрданд. Дар ҳамин давр Эрон бо натиҷаи 10:3 дастаи ҷавонони Афғонистонро шикаст дод.

Дар даври дуюм футзалбозони ҷавони Тоҷикистон аз дастаи ҳамсолони худ аз Эрон бо ҳисоби 1:2 мағлуб шуданд. Дар ин давр Афғонистон бо натиҷаи 5:3 бар Қирғизистон пирӯз шуд.

Футзалбозони ҷавони Тоҷикистон дар даври сеюм аз дастаи Афғонистон бо ҳисоби 1:5 ноком шуданд. Дастаи Қирғизистон дар ин давр бо ҳисоби бузурги 9:3 бар дастаи Ӯзбекистон ғолиб омад.

Шогирдони Мустафо Афшорӣ бозии охирини худро 19-уми феврал бо дастаи Қирғизистон анҷом медиҳанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *