Нокомии паҳлавонони тоҷик дар Grand Slam Hungary 2022

Аз 8 то 10-уми июл дар кишвари Маҷористон мусобиқаи байналмилалии Grand Slam Hungary 2022 дар доираи сайри ҷаҳонии ҷудо баргузор шуд, ки намояндаҳои Тоҷикистон то ҷойҳои ҳафтум расиданд.

Дар Grand Slam Hungary 2022, ки мусобиқаи дуюми интихобии олимпӣ ба шумор мерафт, 406 варзишгар (244 мард, 162 зан) аз 61 кишвар ширкат карданд. Тоҷикистонро Муҳаммад Маҳмадизода (-60 кг), Шаҳбоз Саидаброров (-66 кг), Беҳрўз Хоҷазода (-73 кг), Комроншоҳ Устопириён (-90 кг) ва Ҷаҳонгир Маҷидов (-90 кг) дар Будапешт намояндагӣ карданд. Варзишгарони мо натавонистанд сазовори медал шаванд, танҳо ба Беҳрўз ва Комроншоҳ муяссар шуд, ки то ҷойи ҳафтум расанд.

Беҳрўз дар вазни -73 кг қувваозмоиро аз даври дуюм шуруъ карда, бар намояндаи Булғористон Марк Христов, дар даври сеюм бар варзишгари Олмон Игор Вандтке пирўз шуд, вале дар чорякфинал аз варзишгари Озарбойҷон Ҳидоят Ҳайдаров (ғолиби ин вазн) ва дар қуввасанҷии тасаллобахш аз Тоҳар Битбули исроилӣ мағлуб гашт.

Комроншоҳ низ дар вазни -90 кг нерўсанҷиро аз даври дуюм оғоз карда, варзишгари Муғулистон Мунхбайар Баттогтох, дар даври сеюм намояндаи Гурҷистон Ника Харазишвилиро мағлуб кард, вале дар чорякфинал аз намояндаи Бразил Рафаэл Македо ва дар қувваозмоии тасаллобахш аз варзишгари кишвари мизбон Гергилӣ Нерпел шикаст хўрд.

Варзишгари дигарамон дар вазни -90 кг Ҷаҳонгир Маҷидов дар ду давр бар варзишгарони Чехия (Давид Кламмерт) ва Қазоқистон (Ерасил Жанатаев) дастболо шуд, вале дар даври сеюм аз намояндаи Гурҷистон Бека Гвиниашвилӣ мағлуб гардид. Муҳаммад Маҳмадизода низ дар вазни -60 кг дар даври дуюм (дар даври аввал озод буд) намояндаи Ветнам Дук Дат Чуро шикаст дод, вале дар даври сеюм аз варзишгари Муғулистон Ариунболд Енхтаиван шикаст хўрд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *