Нокомии паҳлавонони тоҷик дар Муғулистон

Дар шаҳри Улан-Батори Муғулистон Чемпионати куштии Осиё баргузор шуд, ки дар ин мусобиқа наздики 270 варзишгар аз 18 кишвари қора иштирок доштанд.

Аъзои дастаи мунтахаби куштии тарзи озоди Тоҷикистон Муҳаммад Икромов (-61 кг), Шуҳрат Бозоров (-79 кг) ва Искандари Рустам (-125 кг) дар ин мусобиқаи сатҳи баланди қоравӣ ширкат варзиданд. 

Чемпионати Осиё 19-уми апрел бо қувваозмоиҳои куштии юнонӣ-румӣ оғоз гардида, 21-ум ва 22-юми апрел бонувон, сипас 23-юм ва 24-уми апрел паҳлавонон дар намуди куштии тарзи озод сабқат карданд.

23-юми апрел Шуҳрат Бозоров зери вазни то 79 килограмм дар даври аввал аз намояндаи Ҷопон бо натиҷаи 11 бар 1 мағлуб шуда, аз идомаи мусобиқа бенасиб монд.

24-уми апрел ду намояндаи дигари кишвари мо Муҳаммад Икромов зери вазни то 61 кг ва Искандари Рустам зери вазни то 125 кг дар сабқатҳои куштии тарзи озод баромад карданд. Искандари Рустам зери вазни то 61 кг аз намояндаи Муғулистон Наранху Нармандах бо натиҷаи 4 бар 14 дар даври аввал мағлуб гардид.

Искандари Рустам муқобили паҳлавони кишвари Корея Йехёну Юнгу арзанда рақобат карда натавонист ва бо натиҷаи 0 бар 6 шикаст хўрд.

Ҳамин тавр Чемпионати куштии Осиё барои варзишгарони Тоҷикистон бебарор анҷом ёфт.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *