Ном ба ном: Барандагони Ҷоизаи Президентӣ

1 март дар Кохи Суруш маросими ҷоизасупории соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар соли 2021 баргузор гардид ва дар он ҷо 32 варзишгар дар соли 2021 миёни калонсолон, ҷавонон ва наврасон дар чемпионатҳои Осиё оид ба 4 намуди варзиш – ҷудо, гуштин, бокс, таеквондо — сазовори медал ва ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гардиданд..

Дар чорабинӣ Дилбар Одилзода, муовини раиси шаҳри Душанбе, Абдулло Раҳмонзода, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маликшо Неъматзода, раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, роҳбарону намояндагони вазорату идораҳо ва варзишгарони кишвар иштирок намуданд.

Барандагони Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ дар соли 2021:

1. МАҲМАДБЕКОВ СОМОН (ҷудо):

Медали нуқраи Чемпионати Осиё дар вазни -73кг (6-9.04.2021, Бишкек, Қирғизистон), 50000 сомонӣ (10000 сомонӣ ба мураббӣ);

2. ДАЛЕР РИЗОЗОДА (гуштини юнонӣ-римӣ):

Медали нуқраи Чемпионати Осиё дар вазни -77кг (13-18.04.2021, Алмаато, Қазоқистон), 50000 сомонӣ (10000 сомонӣ ба мураббӣ);

3. КОМРОНШОҲ УСТОПИРИЁН (ҷудо):

Медали биринҷии Чемпионати Осиё дар вазни -90кг (6-9.04.2021, Бишкек, Қирғизистон), 25000 сомонӣ (5000 сомонӣ ба мураббӣ);

4. ТЕМУР РАҲИМОВ (ҷудо):

Медали биринҷии Чемпионати Осиё дар вазни +100кг (6-9.04.2021, Бишкек, Қирғизистон), 25000 сомонӣ (5000 сомонӣ ба мураббӣ);

5. МИҶГОНА САМАДОВА (бокс):

Медали биринҷии Чемпионати Осиё дар вазни 57кг (24-31.05.2021, Дубай, АМА), 25000 сомонӣ (5000 сомонӣ ба мураббӣ);

6. ШОИРА ЗУЛҚАЙНАРОВА (бокс):

Медали биринҷии Чемпионати Осиё дар вазни 60кг (24-31.05.2021, Дубай, АМА), 25000 сомонӣ (5000 сомонӣ ба мураббӣ);

7. БАҲОДУР УСМОНОВ (бокс):

Медали биринҷии Чемпионати Осиё дар вазни 64кг (24-31.05.2021, Дубай, АМА), 25000 сомонӣ (5000 сомонӣ ба мураббӣ):

8. ШАББОС НЕГМАТУЛЛОЕВ (бокс):

Медали биринҷии Чемпионати Осиё дар вазни 81кг (24-31.05.2021, Дубай, АМА), 25000 сомонӣ (5000 сомонӣ ба мураббӣ):

9. МОҲРУ ҲАЛИМОВА (таеквондо ВТ):

Медали биринҷии Чемпионати Осиё дар вазни -67кг (16-18.06.2021, Бейрут, Лубнон), 25000 сомонӣ (5000 сомонӣ ба мураббӣ);

10. ШОДМОН РИЗОЕВ (ҷудо):

Ҷойи якум дар чемпионати Осиё/Уқёнус байни ҷавонон (04-05.12.2021, Бейрут, Лубнон), 18750 сомонӣ (3750 сомонӣ ба мураббӣ);

11. МУҲАММАДҶОН АБДУҶАЛИЛОВ (ҷудо):

Ҷойи дуюм дар чемпионати Осиё/Уқёнус байни ҷавонон (04-05.12.2021, Бейрут, Лубнон), 12500 сомонӣ (2500 сомонӣ ба мураббӣ);

12. АКБАРАЛӢ АБДУРАҲМОНЗОДА (бокс):

Ҷойи сеюм дар чемпионати Осиё байни ҷавонон (20-30.08.2021, Дубай, АМА), 6250 сомонӣ (ба мураббӣ 1250 сомонӣ);

13. ИСКАНДАРБЕК РУСТАМОВ (бокс):

Ҷойи сеюм дар чемпионати Осиё байни ҷавонон (20-30.08.2021, Дубай, АМА), 6250 сомонӣ (ба мураббӣ 1250 сомонӣ);

14. АБУБАКР МУРОДОВ (бокс):

Ҷойи сеюм дар чемпионати Осиё байни ҷавонон (20-30.08.2021, Дубай, АМА), 6250 сомонӣ (ба мураббӣ 1250 сомонӣ);

15. АБДУРАҲИМ ЁҚУБОВ (бокс):

Ҷойи сеюм дар чемпионати Осиё байни ҷавонон (20-30.08.2021, Дубай, АМА), 6250 сомонӣ (ба мураббӣ 1250 сомонӣ);

16. СИРОҶИДДИН ҲОҶИЕВ (бокс):

Ҷойи сеюм дар чемпионати Осиё байни ҷавонон (20-30.08.2021, Дубай, АМА), 6250 сомонӣ (ба мураббӣ 1250 сомонӣ);

17. АБУБАКР ШЕРОВ (ҷудо):

Ҷойи сеюм дар чемпионати Осиё/Уқёнус байни ҷавонон (04-05.12.2021, Бейрут, Лубнон), 6250 сомонӣ (1250 сомонӣ ба мураббӣ);

18. МАСЪУД АҲМАДЗОДА (ҷудо):

Ҷойи сеюм дар чемпионати Осиё/Уқёнус байни ҷавонон (04-05.12.2021, Бейрут, Лубнон), 6250 сомонӣ (1250 сомонӣ ба мураббӣ);

19. ДАВЛАТҶОН НАЗРИЕВ (ҷудо):

Ҷойи сеюм дар чемпионати Осиё/Уқёнус байни ҷавонон (04-05.12.2021, Бейрут, Лубнон), 6250 сомонӣ (1250 сомонӣ ба мураббӣ)

20. ДУРАНДЕШ ЗУБАЙДОВ (бокс):

Ҷойи сеюм дар чемпионати Осиё байни ҷавонон (20-30.08.2021, Дубай, АМА), 6250 сомонӣ (ба мураббӣ 1250 сомонӣ);

21. РУСЛАН ҒАФУРОВ (бокс):

Ҷойи дуюм дар чемпионати Осиё байни наврасон (20-30.08.2021, Дубай, АМА), 12500 сомонӣ (ба мураббӣ 2500 сомонӣ);

22. ПАРВИЗ АБДУРАҲМОНОВ (ҷудо):

Ҷойи дуюм дар чемпионати Осиё/Уқёнус байни наврасон (04-05.12.2021, Бейрут, Лубнон), 12500 сомонӣ (2500 сомонӣ ба мураббӣ);

23. АНУШЕРВОН ФОЗИЛОВ (бокс):

Ҷойи сеюм дар чемпионати Осиё байни наврасон (20-30.08.2021, Дубай, АМА), 6250 сомонӣ (ба мураббӣ 1250 сомонӣ);

24. БУЗУРГМЕҲР ИКСАНОВ (бокс):

Ҷойи сеюм дар чемпионати Осиё байни наврасон (20-30.08.2021, Дубай, АМА), 6250 сомонӣ (ба мураббӣ 1250 сомонӣ);

25. ШАҲБОЗ ДОДОҶОНОВ (бокс):

Ҷойи сеюм дар чемпионати Осиё байни наврасон (20-30.08.2021, Дубай, АМА), 6250 сомонӣ (ба мураббӣ 1250 сомонӣ);

26. МУҲАММАД ҶАББОРОВ (бокс):

Ҷойи сеюм дар чемпионати Осиё байни наврасон (20-30.08.2021, Дубай, АМА), 6250 сомонӣ (ба мураббӣ 1250 сомонӣ);

27. ЮСУФ ФОЗИЛОВ (бокс):

Ҷойи сеюм дар чемпионати Осиё байни наврасон (20-30.08.2021, Дубай, АМА), 6250 сомонӣ (ба мураббӣ 1250 сомонӣ);

28. НУРЛАНБЕК ЭРМАТОВ (бокс):

Ҷойи сеюм дар чемпионати Осиё байни наврасон (20-30.08.2021, Дубай, АМА), 6250 сомонӣ (ба мураббӣ 1250 сомонӣ)

29. АБДУВАЛИЕВ АКМАЛҶОН (бокс)

Ҷойи сеюм дар чемпионати Осиё байни наврасон (20-30.08.2021, Дубай, АМА), 6250 сомонӣ (ба мураббӣ 1250 сомонӣ);

30. БИБИҶОН МУЗАФФАРОВА (бокс):

Ҷойи сеюм дар чемпионати Осиё байни наврасон (20-30.08.2021, Дубай, АМА), 6250 сомонӣ (ба мураббӣ 1250 сомонӣ);

31. СУРУШ ЭРКАЕВ (ҷудо):

Ҷойи сеюм дар чемпионати Осиё/Уқёнус байни ҷавонон (04-05.12.2021, Бейрут, Лубнон), 6250 сомонӣ (1250 сомонӣ ба мураббӣ);

32. МУҲАММАД ЮСУФЗОДА (ҷудо):

Ҷойи сеюм дар чемпионати Осиё/Уқёнус байни ҷавонон (04-05.12.2021, Бейрут, Лубнон), 6250 сомонӣ (1250 сомонӣ ба мураббӣ).

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *