НОМ. Магар араб модари тоҷик аст?
Форсизабонон, минҷумла тоҷикон яке аз миллатҳоеянд, ки ҳазорон ҳазор ном доранд ва теъдоди номҳои нав ба наву тоза ба тоза сол то сол бисёртару бисёртар мегардад.
Шеваи номгузорӣ вобаста ба фазои сиёсию иҷтимоӣ ва бовару руҳияи ҳар давр дигаргун мешавад. Ба ибораи дигар, ҳар марҳалаи муайяни таърихӣ номҳои ба худ хоси одамонро ба вуҷуд овардаю меоварад.
То замони истилои араб тамоми номҳои эронитаборон тоҷикӣ-форсӣ буд. Барои мисол, дар «Шоҳнома» ягон номи арабӣ ё туркӣ нест.
Пас аз он, ки тоҷикон таҳти таъсири арабҳо ҳувияти худро аз даст доданд, номҳояшон арабӣ шудан гирифт ва ин, бахусус, дар хонаводаҳои хурофотзада ба ҳукми анъана даромад. Умар, Муҳаммад, Абубакр, Алӣ, Усмон, Фотима, Гулсум, Хадиҷа, Оиша чунон худӣ шуданд, ки гӯё модари тамоми тоҷикон занҳои араб бошанд.
Пас аз тохт овардани турку муғул дар баробари номҳои арабӣ дар миёни тоҷикон номгузории муғулию арабӣ ривоҷ ёфт, чун Арслону Темуру Чингизу Ӯзбаку Турку Беку Қулу Хотуну Бегиму ҳоказо.
Бадбахтона, турке, арабе, муғуле, русе, фарангиеро дучор намеоӣ, ки номи Тоҷикро ба фарзандаш гузошта бошад, ё номи тоҷикиро.
Ба сабаби яктопараст набудани юнониҳо ва мусалмон набудани русҳо номҳои юнонӣ ва русӣ дар байни тоҷикон камтар роиҷ гаштанд, ғолибан онҳое гузоштанд, ки ё атеист буданд ё дин дар зеҳнашон он қадар таъсир надошт.
Мутаассифона, дар муддати солҳои охир номгузории туркию муғулӣ ва арабӣ чунон ба фарҳанги мо даромаду ҷои номҳои зебои точикиро танг кард, ки баъзан фикр мекунӣ, ки дар Тоҷикистон ҳамагӣ 3-4 дарсад тоҷик боқӣ мондаасту халос.
Агар ҳамин тавр давом кунад, дар даҳ соли оянда номҳои тоҷикиро фақат 1 дарсади аҳолӣ нигоҳ хоҳад дошту бас.
Яъне зеҳни миллат башиддат арабӣ ва туркӣ шуда, ҳар қадар номи тоҷикӣ-форсиро аз даст бидиҳем, ба ҳамон андоза фарҳанги худро барои худ бегонатар месозем ва хислати мо ҳам арабию туркӣ мешавад!
Ато МИРХОҶА, адиб
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ