Нома аз Русия: ба доди мани муҳоҷирзан бирасед!

Ба идораи ҳафтаномаи “Тоҷикистон” аз номи як зани муҳоҷир, ки Зебонисо ном дорад ва дар чорсӯйи зиндагӣ ночор мондааст, мактубе ворид шуд, ки онро бетаҳрир ба ихтиёри хонанда месупорем.

Ман соҳиби 2 фарзанд ҳастам, ки номи яке Эмоммаҳдӣ ва дигаре Абӯбакр мебошад.

Ман ҳоло ҳамчун муҳоҷир дар Русия ҳастам. Падар надорам ва чанд сол пеш бо як писар дар бағалу бо як тифл дар шикам шавҳарам маро парофта, аз пушти дигаре рафт. Ман ҳарчанд кӯшиши баргардондани ӯро кардам, ҳатто чанд маротиба назди худаш, назди духтаре, ки шавҳарамро аз ман гирифт ва назди волидони шавҳарам рафтам, вале ӯро баргардонда натавонистам. Чанд муддат дар хонаи акаам бо ду фарзандам истодам ва ба Душанбе омадам. Ҳамчун табақшӯ дар ошхонаҳо кор кардам ва дидам, ки зиндагӣ мушкил шуд. Пасон, кӯдакҳоямро дар хонаи акаам мондаму ба Русия омадам.

Ҳоло 4 сол мешавад, ки ман дар муҳоҷиратам. Ба писаронам ваъда додаам, ки зиндагиятонро хуб мекунам, вале аз дасти мани муштипар  коре намеояд. Дар ин ҷо аз субҳ то шом кор мекунам, вале маблағи ёфтаам барои рӯзгузаронӣ намерасад. Муҳоҷирӣ бисёр мушкил аст. Ман мехоҳам ба Ватан баргардам, вале ба куҷо оям намедонам, сарпаноҳ надорам.

Бо ирсоли ин нома аз Пешвои миллат ва саховатмандон мехоҳам, ки ба доди мани муҳоҷир ва модари аз фарзандон дур бирасанд ва ба мо дар ватан сарпаноҳе бидиҳанд.

P.S. Мактубро Зебонисо ба идораи рӯзнома ба воситаи WhatsApp +7 901 755 9468  фиристод.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *