Нома ба Бобои Барфӣ. Ҷавонони Тоҷикистон дар Соли Нав чӣ мехоҳанд?

Бобои барфӣ, медонам, баробари номаи маро ба даст гирифтан ва аз синну солам огаҳ гаштан, ҳайрон шудӣ, зеро ба ту одатан кӯдакон аз хостаҳояшон дар арафаи Соли нави мелодӣ менависанд. Вале бовар кун, ҳоло ҷавонони мо, ки довталабони макотиби олӣ, донишҷӯён, магистрантон, ходимони ҷавони илмӣ, коргарон, бекорхӯҷаҳо ва муҳоҷирон ҳастанд, дар пешониям тапонча модаанд ва барои навиштани ин мактуб маҷбурам доранд.

Бобоҷон, бояд қабул кунем, ки ҷавонон ҳақи дар сари ман тапонча мондану ногуфтаҳояшонро тавсассути ман ба ту расондан доранд. Медонӣ чаро? Чунки мо тавре саҳифаҳои матбуотро пур мекунем, ки гӯё муваффақтарин ҷавонони сайёра ҷавонони мо ҳастанд. Мо тавре эфири радиову телевизонамонро пур мекунем, ки гӯё ҷавонони мо ягон камбудиву норасоӣ надоранд, мо тавре муносибат мекунем, ки гӯё тамоми шароит ва имконотро ба ҷавонон додаем.

Бобои азиз, намедонам хушбахтона ё бадбахтона мо ҳоло солона зиёда аз 100 ҳазор довталаб дорем. Довталабони мо метавонанд аз миёни зиёда аз 800 ихтисос 12 то интихоб кунанд, вале аҷобати кор он аст, ки онҳо боз дар интихоби касби оянда хато мекунанд ва қисми мизу курсҳои макотиби олиро тасодуфиҳо пур мекунанд. Корҳои фаҳмондадиҳӣ нест, ихтисосҳои нолозим ихтисор намешаванд, волидон бо ҳар навъ дахолат мекунанд ва ғайраҳо.

Бобои ришсафед, донишҷӯёни мо гунаҳои зеринро дарбар мегиранд: нафароне, ки дар ҳақиқат соҳибкасб шуданиянд, нафароне, ки волидонашон барои насабашон маҷбуран соҳибдиплом карданиянд, нафароне, ки аз муҳоҷирату хизмати ҳарбӣ ба даҳлезу роҳравҳои макотиби олӣ мегурезанд ва нафароне, ки чӣ кор карданашонро намедонанд ва донишҷӯ мешаванд.

Медонӣ, қисми зиёди донишҷӯёне, ки дар ҳақиқат соҳибкасб шуданианд ва бо умеди хондан омадаанд, камбудиҳои зиёд доранд. Масалан, аз ҷойи хоб, хӯрду хӯрок, сару либос, роҳкиро, дарсҳои бемаъниву такрор ва умуман муҳити носоз, донишҷӯёнеро, ки барои пойдории насабашон овардаанд, бо таксиҳои хубу роҳат рафтуомад доранд. Донишҷӯёне, ки бо пули бародарони муҳоҷирашон аз муҳоҷирату хизмати ҳарбӣ гурехта омадаанд, на хуб мехонанд ва на партофта мераванд ва афсӯс, ки ба онҳо ҳам диплом медиҳанд. Ва донишҷӯёне, ки аз бекорӣ ё барои вақтгузаронӣ дар мизу курсиҳо нишастаанд, ҳам худро ғам медиҳанд ва ҳам устодону ҳамкурсонашонро.

Ва ба ту як чизи дигарро ҳам гӯям, ки боз фаромӯш нашавад. Одати бад ва нафратовари баъзе иҷорадиҳандагони мо ҳамин аст, ки хонаҳояшонро ба донишҷӯён иҷора намедиҳанд, ҳатто бо нархи гарон ҳам. Гӯё донишҷӯён, бале, ҳамонҳое, ки ояндагони миллат мешуморемшон, хонаҳояшонро корношоям мекунанд. Айб нест, вақте ки бо як забон ҷавононро ояндаи миллат мегӯем ва боз бо ҳамон забон мегӯем, ки ба шумо хонаамро иҷора намедиҳам, зеро таъмирашро безеб мекунед?

Хулоса, донишҷӯён ба дастгирӣ ниёз доранд: маслиҳатҳои ройгони психологӣ, суҳбату вохӯриҳо бо намояндагони касбҳои худ, стипендияи беҳтар, сабукиҳо доир ба ҷойи хобу роҳкиро ва дигар хизматрасониҳо.

Бобои гиромӣ, ба маълумоти ту мерасонам, ки бо вуҷуди ҳоло шумораи магистрантон дар макотиби олӣ зиёд будан ҳам, онҳо дарсҳои такрору стипендия кам доранд, ба кори илмӣ кам машғул мешаванд, мақолаҳои илмияшонро бо сабаби нанавиштан ё напардохтани пулаш чоп намекунанд ва ба муаллимӣ ё таҳқиқотҳои илмӣ кам таваҷҷуҳ мекунанд. Вале медонӣ, боз бар замми ин ҳама мушкилот бачаҳо барои  чӣ мехоҳанд дар сафи магистрантон бошанд? Барои он ки мехоҳанд дипломи магистрӣ гиранд, ки он барои соҳибкурсӣ шудан пули хуб шуда метавонад. Барои он ки дарсҳо дар зинаи магистратура мисли солҳои донишҷӯӣ ҷиддӣ нестанд. Барои он ки назари атрофиёнро дигар метавон кард. Ва барои он ки ду соли дигар бо деҳқонӣ машғул намешавем.

Бобои барфӣ, мо ҷавононе дорем, ки бо сабабҳои айниву зеҳнӣ наметавонанд ба мактаби олӣ дохил шаванд. Масалан, ба ихтисосе, ки дохил шудан мехоҳанд, қувваи волидонашон намерасад, ба донишкадае, ки қувваи волидонашон мерасад, шавқи худашон намерасад, сарфу харҷи 4 соли донишҷӯиро ҳисоб карда, ба хулосае омадаанд, ки дар ҳамон пул ягон бизнес кушоянд ё мошине харида, ҳамчун таксисти 7-сомонӣ дар яке аз хатсайрҳо кор кунанд, қадру қимати соҳибдипломонро дида, торафт умедашон кам мешавад ва боз фикр доранд, ки агар ҳоло бо қарзу қаволаи волидон дар мактаби олӣ таҳсил кунанд, дар 4 соли донишҷӯӣ ва чанд соли аввали корӣ, ки маош камтар аз 1000 сомонӣ аст, чӣ гуна метавонанд зиндагиашонро пеш баранд…

Бобоҷон, бадбахтона, мо ҳоло дар корхонаҳо коргарони ҷавони зиёд дорем, ки 4 сол бо пули деҳқонии падарашон дар мактаби олӣ таҳсил кардаанд, 4 сол аз ҳисоби говҷӯшии модарашон иҷорапулӣ доданд, 4 сол бо ёрии бародари муҳоҷирашон роҳкиро додаанд, 4 сол бо пулҳои додаи тағою амакашон хӯрок харида хӯрданд, вале бо баробари ин ҳама имзояшон дар шартномаи меҳнатӣ зери 1000-1200 сомонӣ гузошта шудааст. Бо ин маош дар пойтахт ҳатто иҷора гирифтан номумкин аст ва медонед аҷобати ин масъала дар чист? Давоми умри нафарони болозикр бо ёрии ҳамон шахсоне, ки то имрӯз расид, боз ба пеш ҳаракат дода мешавад.

Бобои азизи ришсафедам, агарчи намехоҳам бигӯям, вале ин ҳақиқат аст, ки қисме аз ҷавонони мо муҳоҷири меҳнатиянд. Онҳо барои пешбурди аробаи зиндагиашон ба дуриҳои дур мераванд. Пул меёбанд, пул мефиристанд, зиндагиашонро беҳтар мекунанд, хона мехаранд, мошин мегиранд… вале боз фиреб мехӯранд, маошашонро гирифта наметавонанд, таҳқир мешаванд, қатл мешаванд ва зиндагибезор мегарданд. Аммо дар ҳама ҳолат миссияи ягонаи онҳо дар зиндагӣ як аст: нон бурдан ба хона. Зиндагиро беҳтар кардан. Муҳтоҷи ҳар касу нокас нашудани аҳли оила.

Бобои барфӣ, ман аз ту хоҳиш намекунам, ки ин ҳама мушкилоти ҷавонони моро ҳал кун, зеро наметавонӣ, балки дар арафаи соли нав хостам ба ту ин ҳамаро бигӯям ва дар соли 2022 ин мушкилот бартараф шаванд.

Ҳафизуллоҳ ТОҲИРӢ

Тамманиёти солинавӣ

Соли 2021 барои мо хеле мушкил гузашт, вале дар ин рӯзҳои хуш такрори онҳоро зарур намешуморам. Умед мебандам, ки дар соли 2022 ба хонандагон ҳамеша хабарҳои хуш расонем.

Ба хонандагони “Тоҷикистон” тансиҳатӣ, хушбахтӣ, маоши хуб, рӯзгори осуда ва киссаи пури пул таманно дорам.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *