Нома ба Путин “Ситораи Сурх” танҳо сари синаамро ороиш медиҳад

Рафиқ Путин Владимир Владимирович!

Ба Шумо як нафар ҳамватани собиқатон менависад ва аз ин хотир бар ивази калимаи мӯдшудаи “ҷаноб”- “рафиқ”-ро истифода мебарам. Умед дорам ин боиси ҳайрати шумо намегардад. Зеро замоне мо бо ҳам воқеан рафиқ будем ва рафторамон нисбат ба ҳамдигар рафиқона буд.Аммо аз сабаби дасисаҳои     душманони  хориҷию дохилии  СССР-аввалин ва охирин давлати коргару деҳқон  ва аз бесалоҳиятию хиёнати  роҳбарони ин кишвари бузург   ба боди фано рафт. Ҳоло ҳар кадоме аз ҷумҳуриҳои   собиқи Иттиҳоди Шӯравӣ дар ҳуҷраҳои танҳои худ  бо ин душманон дар алоҳидагӣ мубориза мебаранд.

Баъзе аз онҳо фирефтаи хайркуниҳои хориҷӣ шуда,  душмани ашадии бародарони собиқи худ шуданд,ки мисоли инро худатон ҳамарӯза дида истодаед. Хушбахтона, Тоҷикистони азизи мо, ки таърихан ба аҳди бародарӣ доимо вафо карда омадааст, аз ин  тоифа нест ва дар ҳам гуна шароит бо кишваре, ки ҳоло Шумо ба он роҳбарӣ мекунед, дӯсту бародар боқӣ мондааст. Аммо аз ин бародарӣ ба ҷуз суханони дӯстонаю ваъдаҳои иҷронашаванда  суде камтаре мебардорад.Вале ман ин ҷо коҳи куҳнаро бод карданӣ нестам.

Мардуми мо “гила аз дӯстон”, мегӯянд ва ба душмани худ бо забони дигар гап мезананд. Бинобар ин, баъзе аз андеша ва ё гилагузориҳои худро мехоҳам рӯирост гӯям.

Бо барҳам хӯрдани СССР айни замон ман худро аз он забонхате, ки дар мавриди ошкор нанамудани сирри ҳарбӣ дода будам, озод ҳис мекунам ва ошкоро мегӯям, ки мою шумо дар як сохтор хизмат карда будем. Ҳарду дар кашф. Шумо дар кашфи КГБ ва ман дар кашфи ГРУ. Ин сохторҳо ба чӣ кор машғул буданд, ману шумо хуб медонем ва ҳаргиз тавре ки филмҳои амрикоӣ тарғиб мекунанд, ба куштори мардумон  машғул набудем. Баръакс, ҳамеша  аз мардуми одӣ ҳимоя мекардем. Ҳоло агар аз афғонҳое, ки дар замони “истилои шӯравӣ”  дар ин кишвар мезистанд ва имрӯз дар Тоҷикистон паноҳанда ҳастанд, пурсед,ки кадоме беҳтар буд: Шӯравӣ ва ё Амрикою шариконаш, ки ҳоло ҳам дар Афғонистон ҳастанд, чунин ҷавоб хоҳед шунид : “Шӯравӣ ғамхори мо буд, Амрико душман буд ва ҳамин тавр мемонад…”. Инчунин ёдовар мешавам,ки ҷавонони тоҷик бо истифода аз забондонии худ ҷони садҳо нафар русу русзабонҳоро аз чанголи марг раҳо карда буданд, ки ин мавзӯи дигар аст.  Иттиҳоди Шӯравӣ бо даъвати ҳукумати қонунии ин кишвар сарбозони худро ба Афғонистон равона карда буд ва ин факти таърихист. Ба ман ҳам аз тарафи Ватани ҳамонвақтаам супориш шуд,ки дар давоми дуюним сол дар он ҷо хизмати ҳарбиро адо кунам. Шумораи чунин афсарону аскарон дар Тоҷикистон ҳамагӣ 8 ҳазор нафар аст. Як қисми ҳамяроқони мо дар ин кишвар ҷон бохтанд ва қисмате ҳам маъюб ба Ватан баргаштанд.

Мутаассифона, Тоҷикистони соҳибистиқлол имрӯз наметавонад барои онҳо нафақаи шоистае таъйин кунад. Дар кишвари мо ҳатто барои ордени ҷангии “Ситораи Сурх”, ки мукофоти давлать аст,  дар вақти нафақа маблағи иловагӣ  муайян нагардидааст. Шумо медонед,ки ин орденро барои кадом хизматҳо медоданд ва он ба чӣ меарзад. Инак, ман ва дар қатори ман чанд нафари дигар аз афсарони дар Афғонистон хизматкарда ба синни нафақа расидем. Мувофиқи ҳисоби пешакӣ гӯё ман, ки дар сохторҳои гуногун аз синни 21 — солагӣ ва  ҳоло 14 сол боз дар як ҳафтаномаи  бонуфуз кор мекунам, камтар аз 50 доллари амрикоӣ нафақа таъйин карданд.

Рафиқ Владимир Владимирович!

Бисёриҳо маслиҳат медиҳанд, ки шаҳрванди Русия шавам ва нафақаи баланд гирам. Баъзеҳо аз чунин имконият истифода ҳам бурданд. Аммо ман ҳамеша бо Ватани худ будам (хоҳ СССР ва хоҳ Тоҷикистон) ва ҳаргиз ба хотири пули калон аз Ватанам даст накашидаам. Илова бар ин, то ҳол  худро  шаҳрванди СССР ва афсари Иттиҳоди Шӯравӣ меҳисобам. Суханони машҳури Шуморо  дар мавриди Иттиҳоди Шӯравӣ, ки “касе,ки аз барҳам хӯрдани СССР афсӯс намехӯрад, дил надорад ва аммо касе, ки умед ба барқарории он мекунад, ақл надорад”,  ҳамеша дар ёдам ҳаст, аммо чун гӯрковҳои СССР дар шартномаи барҳамхӯрии ин кишвар меросбари асосии онро Русия навиштанд, имрӯз ҳаққи ҳалоли худро аз кишваре, ки ба он роҳбарӣ мекунед, талаб менамоям.  Инчунин, мақоли машҳури русӣ,ки “мы в ответе перед теми  кого приручили”-ро    низ ба ёдатон меорам.  Агар Шумо дар ин даврае, ки кишвари ҷавони мо хоҳони пешравӣ асту аммо имкониятҳояш дар мавриди таъминоти иҷтимоӣ маҳдуданд, кӯмак расонед, бори дигар воқеӣ будани дӯстии  ду халқ ва ду кишвару  роҳбарони он собит мегардад.

Ба он, ки ин номаро ба Шумо мерасонанд, шубҳа дорам, вале боз ҳам ноумед нестам…

Бо эҳтиром

 А. АҲМАДОВ,

шаҳрванди Тоҷикистон ва СССР,

дорандаи ордени “Ситораи Сурх”

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

7 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *