Нома ба ҳукумати ноҳияи Айнӣ

Имрӯзҳо дар ҳама гӯшаю канори ҷумҳуриямон корҳои ободонӣ дар сатҳи баланд қарор дорад. Аз таъмиру асфалпӯш кардани роҳҳои мошингузар то бунёди биноҳои 25-30 ошёна. Ободонии роҳҳо на танҳо барои рафтуо ва истифодаи шаҳрвандони худи кишвар аст, балки  маҳз бо воситаи роҳ сайёҳон барои тамошои мавзеҳои табиати биҳиштосои Точикистон ташриф меоранд. Аммо дар баъзе аз минтақаҳо ободӣ ё вайронии роҳҳо аз мадди назар дур мондаанд, аз ҷумла шоҳроҳи  Масчоҳи кӯҳӣ, ки дар мавзеи зероби марз дар ҳолати садамавӣ карор дорад.

 Беаҳамиятии ҳукумати ноҳияи Айнӣ  аст, ки аз сабаби баланд шудани дарёи Зарафшон роҳро об камар карда мушкили рафтуомади мардумони Айнию Масчоҳи кӯҳӣ  гаштааст ва  муддати се моҳ аст бо вуҷуди вайронию обшустагии роҳ на маъулини  ҳукумат ва  на кормандони роҳ ахмияте медиҳанд. Шояд баъди сар задани ягон садамаи вазнин  барои такрор нашудан дасту остини ташаббускоронаашро  барзананд?

                                                                                                  Иброҳими Шариф

                                                                                       Сокини ноҳияи Айнӣ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *