«Номаҳо аз Қаротегин” дар Прага

Филми мустанади «Номаҳо аз Қаротегин” дар шакли қисса андар қисса сохта шуда, коргардони қирғиз Жанил Жусупжан дар ин филм рӯзгори қирғизҳои сокини ноҳияи Ҷиргатол (ҳоло -Лахш) дар водии Рашт (Қаротегин)-и Тоҷикистонро ба риштаи тасвир кашидааст.

Шоми 9 март дар кинотеатри «Эвалд” дар маркази Прага, пойтахти Ҷумҳурии Чех намоиши филми мустанади «Номаҳо аз Қаротегин”-и коргардони қирғиз Жанил Жусупжан доир шуд.

Ин филми 104-дақиқаӣ дар бораи рӯзгори мардуми ноҳияи Ҷиргатол (ҳоло -Лахш) дар водии Рашт, ки дар гузашта бо номи Қаротегин маъруф буд, ҳикоят мекунад.

Дар Ҷиргатол аксари аҳолиро қирғизҳо ташкил медиҳанд. Сокинони ин минтақа низ чун боқӣ манотиқи Тоҷикистон дар 25 соли гузашта аз замони суқути Иттиҳоди Шӯравӣ шебу фарози зиёдеро дар зиндагии худ пушти сар карданд – ҳам азоби солҳои ҷанги шаҳрвандӣ, ки як ҷабҳаи асосиаш ҳамин водии Рашт буд, ҳам раванди муҳоҷират, ки аксари қирғизҳои Ҷиртаголро низ мисли дигар гӯшаҳои Тоҷикистон зиндаҷудо кардааст.

«Номаҳо аз Қаротегин” дар шакли қисса андар қисса сохта шудааст. Жанил Жусупжан дар ин филм дар шакли нома ба писараш Ҷамбулат достони зиндагии худро ҳикоят мекунад. Дар лобалои филм сокинони Ҷиргатол ҳар кадом қиссаи рӯзгори худро мегӯянд. Қиссаҳое пур аз талхиву ҳамзамон пур аз ширинӣ.

Дар «Номаҳо аз Қаротегин” аз ҷумла қиссаи зане ҳаст, ки баъди чанд соли зиндагӣ дар Бишкек бо се фарзандаш ба аёдати падару модари пири худ ба Ҷиргатол меояд. Ба кӯдакони «шаҳрӣ”-шудаи ин зан дар Ҷиргатол анъанаҳои ниӯгони онҳо, аз ҷумла аспсавориро меомӯзонанд.

Марди ҷавони зодаи Ҷиргатол дар «Номаҳои Қаротегин” қисса мекунад, ки барои сохтани манзил замин гирифта ва ҳатто сангу регашро аз лаби дарё кашонда буд. Аммо эҳтиёҷи рӯзгор ин мардро ба Бишкек бурд ва хонааш дар Ҷиргатол то ҳол носохта боқӣ мондааст.

Мисли ин мард садҳо нафар аз Ҷиргатол ба Қирғизистон кӯч баставу садҳои дигар рӯзии хонаводаҳои худро дар мардикорӣ дар Русия меҷӯянд.

Дар филми Жанил Жусупжан қиссаи омӯзгори фанни таърихи мактаби маҳаллӣ Ҳаким Боронов ҳам ҳаст, ки бо вуҷуди ҳама зарбаҳои рӯзгор дар фикри сохтани осорхона аст. Ӯ барои ин осорхона тавонистааст ҳатто замин бигирад ва бо нерӯи худ девори осорхонаро низ аз лой бардоштааст. Ҳаким Оқоҷоев мегӯяд, «вақте одам пир шуд, дар фикр меуфтад, ки чӣ хидмате дар зиндагӣ барои мардум кард? Ман мехоҳам бо сохтани ҳамин осорхонаи таърихи Ҷиргатол ба мардумам хидмат кунам.”

Ин мард ҳар таҳаввулеро, ки дар зиндагии мардуми Ҷиргатол мегузарад, то ҳол бо қалам дар дафтарҳо навишта мекунад, ки ҳамчун ёдгор барои ояндагон боқӣ бимонад.

Як қаҳрамони таърихномаи ӯ марди 90-солае аз Ҷиргатол аст, ки пули барои сафари Ҳаҷҷи ӯ таҳиякардаи фарзандонашро барои сохтани роҳ то деҳааш сарф кардааст. Ин мард аз ин кори худ хушу розист ва мутмаин аст ки: «Қаъба чӣ равӣ, бирав, дилеро дарёб.”

«Номаҳо аз Қаротегин” маҳсули студияи «Чағалдак филмз”-и Қирғизистон дар ҳамкорӣ бо ширкати синамоии «Cinedoc”-и Фаронса буда ва бо кумаки молии сафорат ва дафтари рушди Швейтсария рӯи навор омадааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *