Номаи Ҳарлем Дешир ба Сироҷиддин Аслов

Ҳарлем Дешир, намояндаи Созмони Амнияту Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) оид ба озодии матбуот 28 март бо ирсоли як нома аз Сироҷиддин Аслов, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон хостааст, ки номи 14 рӯзноманигорро аз рӯйхати “сиёҳ”-и Бонки миллии кишвар ва ё худ феҳристи “афроди алоқаманд ба терроризм” берун кунанд.

Бонки миллии Тоҷикистон ҳафтаи гузашта рӯйхати 1372 шаҳрванди кишварро нашр кард, ки аз онҳо афроди “алоқаманд бо терроризм” ном бурда шуд. САҲА мегӯяд, дар миёни ин афрод номи 14 журналист ва блогери тоҷик ҳам ҳаст.

Ҳарлем Дешир гуфтааст, аз он нигарон аст, ки “новобаста аз исботи фаъолияти ҷиноии журналистон” номи онҳоро ба ин рӯйхат ворид кардаанд. “Нашри номи онҳо дар ин феҳрист амнияташонро зери хатар мегузорад. Ҳамчунин, ҳаққи эҳтимолии бегуноҳии онҳоро нақз мекунад”, — афзудааст Ҳарлем Дешир.

Дар ҳоли ҳозир, ҷузъиёти дигари нома ва рӯйхати 14 журналисту блогери тоҷик дастрас нест. Дар дафтари САҲА дар Вена гуфтанд, ки номи ҳамаи 14 нафарро дар замимаи нома ба ВКХ Тоҷикистон  фиристодаанд, вале барои матбуот ҷузъиёти ин феҳрастро фош намекунанд.

Мақомоти Тоҷикистон низ то ба ҳол ба ин масъала вокуниш накардаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *