Нома. Чаро мансабдорони ВМКБ ба шикояти мардум аз паси парда менигаранд?

Дарде, ки аз он ба шумо шикоят мекунам, даъвои онро солҳо боз интизорам.

Барои давои он ба тамоми сохторҳои марбутаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба раисони собиқ ва раиси имрӯзаи вилоят Ёдгор Файзов, прокуророни собиқу имрӯз, суду заминсозу дигар мансабдорони ба қазияи ман алоқаманд муроҷиат кардам, вале натиҷае нест. Умеди охиринам додамро тариқи ҳафтаномаи “Тоҷикистон” ба додрас расонидан аст. Кош, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ онро хонанд.

Ҳалли мушкили ман душвор ҳам нест. Чанд сол боз ҳамсояҳоям, роҳеро, ки сӯи хонам меомад, ғайриқонунӣ маҳкам карданд. Имрӯз агар ягон фалокат сӯхтор ё дигар ҳодисаи нохуш Худо накунад, дар макони зистам рух диҳад, не мошини сӯхторхомӯшкунию не мошини “Ёрии таъҷилӣ” ба назди хонам омада наметавонад. Ба ин сабаб ҳам чанд сол пеш духтурон писарамро аз марг наҷот дода натавонистанд.

Мошини “Ёрии таъҷилӣ” сари вақт ба назди хонаам омада натавонист. Шикоятам беасос ҳам нест. Дар ин хусус ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда ҳам дорам, аммо намедонам, ки масъулин дар назди вайронкунандаи қонун чӣ дасткӯтоҳӣ доранд, ки солҳо боз як мушкилоти кӯчакро ҳал карда наметавонанд.

Ман медонам, ки на ҳама вақт арзи ман ба Роҳбари давлату сарвари вилоят мерасад ва шахсони санҷишгару тафтишкун ба онҳо маълумоти нодуруст пешниҳод мекунанд. Ба ин хотир ҳам  дарди диламро ба “Тоҷикистон” навиштам ва боварӣ дорам, ки он ба дасти мансабдорон мерасад.

Мавлодод Имомдодов, сокини шаҳри Хоруғ,  кӯчаи Деҳотӣ 97

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *