Номаи Мирзиёев ба Расулзода: Роғунро насозед!

Шавкат Мирзиёев, сарвазири Ӯзбекистон, зимни ирсоли як номаи расмӣ ба унвонии сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода аз имзои қарордоди Душанбе бо ширкати итолиёии «Салини Импреҷило» (Salini Impregilo S.p.A) барои сохтмони НОБ – и Роғун изҳори нигаронӣ кардааст. Мирзиёев дар номаи худ гуфтааст, Тоҷикистон бе сохтмони Роғун низ имкони ҳалли мушкили бебарқӣ дар кишварро дорад ва бояд аз роҳҳои бехатар истифода кунад.

Аммо аз ҳукумати Тоҷикистон то ҳол ба мактуби Мирзиёев вокунише нашудааст. Аз вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, иттилоъ медиҳанд, ки баробари дастрас шудани нома мақомоти Тоҷикистон онро барассӣ карда, мавқеашро ироа хоҳад кард.

Сарвазири Ӯзбекистон менависад: «Исрори ҳукумати Тоҷикистон, ки талош дорад, бо ҳар роҳе набошад сохтмони Роғунро идома диҳад ва оқибатҳои ҷуброннопазири чунин қадамҳо водор мекунад, ки бонги хатар зада шавад.»

Ҳамчунин мегӯяд, ки «як қатор пажӯҳишҳо дар макони сохтмон, аз ҷумла маҷмӯи таҳқиқоти байналмилалӣ таҳти сарпарастии Бонки ҷаҳонӣ баргузор шуд ва исбот кард, ки сохтмони неругоҳи Роғун ба минтақаи Осиёи Марказӣ хатари бузурге дар пай дорад ва ин чиз дар изҳороти раҳбарият ва коршиносони ҳамсоякишварҳо борҳо зикр ва ҳукумати Тоҷикистон хуб огоҳонида шудааст. Маҳз ба хотири ин  хатарҳои технологӣ, экологӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии бузурги доштаи тарҳ Бонки ҷаҳонӣ аз сармоягузорияш даст кашид.»

Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳамеша мухолифи сохтмони Роғун буда, борҳо нигаронии худро расонаӣ кардааст. Далели мухолифаташро Ӯзбекистон дар танқисии об ва фалокатҳои зисту муҳит арзёбӣ кардааст, ҳарчанд ташхиси байналмилалӣ собит намудааст, ки ин иддао асос надорад. Мақомоти Тоҷикистон низ дар гузашта борҳо гуфтаанд, ки ҳадаф аз сохтмони Роғун ташналаб гузоштани кишварҳои поёноби минтақа, аз ҷумла Ӯзбекистон нест.

Русия ҳам дар соли 1994 бо имзои як созишнома сохтани Роғунро бар душ гирифт, вале ин санад ҳам рӯи коғаз монд. Ҳукумати Тоҷикистон баъд аз ин ҳама талошҳои бебарори ҷустуҷӯи сармояи хориҷӣ дар оғози соли 2010 ба шурӯи мустақилона иншооти ҳаётан муҳим даст ба кор шуд ва дар як маъракаи  фурӯши саҳмияҳои Роғун аз мардум ва корхонаву ширкатҳо тақрибан 186 миллион доллар ҷамъ овард.

Неругоҳи Роғун дар сурати пурра мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанаш солона 13,1 миллиард киловатт-соат неруи барқ тавлид хоҳад кард, ки ҳам барои Тоҷикистон ва ҳам барои минтақаҳои бузурги Покистону Афғонистон кофӣ аст.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

9 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *