Номаи сарбоз ба модар

Салом модари меҳрубонам!

Номаи писари сарбозатонро, ки бо бедорхобии шабона барои шумо навишта истодааст, қабул намоед. Бо умеди он, ки аз нома ба нома ва бо дуои шумо вориди дунёи эҷод гардам. Дунёи эҷоде, ки пайваст аст ба қудрати Офаридагор. Яъне Офаридан, ин қудрати Худованд аст, ки ба бандагонаш арзонӣ доштааст. Махсусан ба эҷодкору модар.

Заҳмати роҳи эҷод, мисли дар биёбон бо сӯзан чоҳ канданро мемонад, ки эҷодкор бо бедорхобӣ барои мардуми кишвараш рӯйи авроқи сафед атри маънавиётро рангпошӣ менамояд. То бо воситаи нигоштаҳои худ гузаштаро бо имрӯз пайваст намуда, таърих, фарҳанг, забон, урфу одат, ҷашнҳои миллиро барои ҳамеша зинда нигоҳ дорад…

Вале аз эҷодкор дида Модар офарандаи бузургтар аст. Худованд нахуст ба модар қудрати офариданро ҳадя намудааст. Офарандае чун эҷодкорро Модар меофарад. Аз ин рӯ месазад, ки мо ҳамеша васфу ситоиши модар намоем.

Медонед модарҷон: фикр мекунам то имрӯз ҳеҷ кас заҳмату душвориҳоеро, ки барои ба дунё овардану калон кардани тифл мекашед, пурра ба қалам надодааст ва ба қалам доданаш низ аз имкон берун мебошад. Заҳмату машаққати бедорхобиро сари гаҳвораи фарзанд танҳо модар медонаду халос. Аз ин ҷост, ки шоир гуфтааст:

Якшаба он ранҷ, ки модар кашид,

Бо ду ҷаҳонаш натавон баркашид.

Ин андешаҳо ин шабу рӯзҳо, ки дар хизмати Ватан — Модар ҳастам, дар сарам чарх мезананд. Модарҷон, фариштаи заминии ман, Шоҳҷоизаи ҳаётам, дӯстатон медорам. Ба хизмати ҳарбӣ омадани ман ба хотири он аст, ки шуморо муҳофизат намоям. Имрӯз дар баробари ман боз ҳазорон нафари дигар китф ба китфи ҳам мардонавор хизмати Модар — Ватанро карда истодаанд. Ҳар яки онҳо ҷавонмардони асил, шермардони далеру ғаюр, худогоҳу хештаншинос ва пайравони асили Пешвои миллат — Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. Аз ин ҷост, ки Пешвои миллат бо такя ба неруи созандаи ҷавонон ва муҳофизони асили марзу буми кишвар дар яке аз баромадҳояшон қайд карда буданд, ки “Бехатарии давлат аз сарҳад вобастагӣ дорад”.

Зеро:

— Қадамзании сарҳадбон дар сарҳад ба хотири он аст, ки модарон дар сари гаҳвораи фарзанд аллаи садоқату ватандорӣ гӯянд.

— Қадамзании сарҳадбон дар сарҳад ба хотири он аст, ки хандаҳои модарон дар назди тифлакон самимӣ бошад.

— Қадамзании сарҳадбон дар сарҳад ба хотири он аст, ки пиру ҷавон худро осуда эҳсос намоянд.

— Қадамзании сарҳадбон дар сарҳад ба хотири он аст, ки кишвар амну орому осуда бошад.

— Қадамзании сарҳадбон дар сарҳад ба хотири он аст, ки ҳар хатари ба вуқуъ омадаро бо сипар намудани синаи худ бартараф намояд.

— Қадамзании сарҳадбон дар сарҳад ба хотири имрӯзу оянда аст.

Бале! Бале, ба хотири имрӯзу оянда!

Ҳамин аст рисолати писари сарҳадбони шумо, Модарҷон. Ӯ барои на танҳо модари худ, балки ба хотири ҳамаи модарони кишвар сина сипар менамояд. Ин ҷо дубайтии Лоиқ Шералӣ ба хотирам омад, ки бисёр бамавқеъ аст ёдовар шуданаш:

Туӣ пирам, туӣ тадбири пирам,

Дуоям кун, дуоятро бигирам.

Намемирӣ ту, эй модар, агар ман

Барои модари миллат бимирам.

Модарҷони азиз, бо ҳамин номаи худро ба итмом мерасонам. Ба модароне, ки фарзандонашон дар хизмати Модар — Ватан ҳастанд, гуфтанӣ ҳастам, ки барои онҳо хавотир нашаванд, балки ифтихор кунанд. Аз ҷумла шумо, модарҷони азизи ман.

Дӯстатон медорам.

Бо як ҷаҳон садоқат писаратон Раҳимҷон, сарбози Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *