Номаи Шайх Талол Фаҳад Ас-Сабоҳ ба Дилшод Назаров

Ҷаҳонпаҳлавони тоҷик Дилшод Назаров ба узвияти Раёсати иҷроияи Шӯрои олимпии Осиё пешбарӣ гардидааст. Дар ин бора аз Кумитаи олимпии Тоҷикистон хабар медиҳанд.

Манбаъ иттилоъ медиҳад, ки номзадии Дилшод Назаровро Шайх Талол Фаҳад Ас-Сабоҳ, президенти Шӯрои олимпии Осиё (OCA) пазируфта ба ӯ мактуби табрикотӣ фиристодааст.
“Мувофиқи салоҳияте, ки моддаи 19 ва 24-и Конститутсияи OCA бароям додааст, ман аз пешбарӣ кардани шахси шумо ба ҳайси узви Раёсати OCA барои солҳои 2023-2027 хеле хушҳолам”, — омадааст дар мактуби Шайх Талол Фаҳад Ас-Сабоҳ.
Президенти Шӯрои олимпии Осиё афзудааст, “умедворам бо шахсияти неки шумо барои пешбарӣ ва рушди Ҳаракати олимпӣ дар Осиё ҳамкорӣ кунам”.
Ёдовар мешавем, ки Дилшод Назаров ноиби Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон аст. Ӯ қаҳрамони бозиҳои олимпии Рио-2016, ҳамчунин барандаи медали нуқраи қаҳрамонии ҷаҳон дар соли 2015 ва барандаи 3 медали тиллои Бозиҳои осиёӣ мебошад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *