Номаи сипос ба Вазир Раҳимзода
Муҳтарам РАҲИМЗОДА РАМАЗОН ҲАМРОҲ!
Хело хушхолам, ки муроҷиати бандаро шахсан худатон зери таваҷҷӯҳ гирифта будед. Ҳисси кордонӣва сафарбарнамоии Шумо боис гардид, ки мушкилоти мо бе баррасӣ намонд. Албатта мо низ хуб медонем, ки сохторҳои ВКД хело фарох амал мекунанд ва оддитарин ҷинояти содиршуда аз назари кормандони милитсияи тоҷик пӯшида намемонад.
Матлабе, ки мо дар саҳифаи фейсбуки худ бо номи «Ба ВКД ва 2212121 дигар эътимод надорам» нашр намудем аз нуқтаи таҳлилу назари Шумо дур намонд, ҳамин буд, шахсан бо супориши Шумо бандаро ба дастгоҳи ВКД даъват намуда буданд ва аз ҳодисаи рухдода аз ман баёноти хаттӣ гирифтанд.
Дар ин муддат чандин нафарон ба ман иқрор мекарданд, ки чаро ин корро кардӣ? Тамом, туро ҳабс мекунанд, ояндаат сӯхт ва дигар гапҳои пучу беасос мегуфтанд, аммо ман медонистам, ки адолат ва қонун ҳамеша ҷониби ростиро пуштибонӣ мекунад. Ва ин буд, ки Шумо мушкилоти маро нодида нагирифтед.
Барои расидан ба адолат ва ҳимоя аз ҳаққи хеш бояд ҳамеша талош намуд, то ба муваффақият ноил гашт.
Ташаккур ба Шумо, вазири муҳтарам.
Ҷамшед Олимов
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ