Номаи тоҷикони Самарқанд ба унвони Шавкат Мирзиёв: Ба забони тоҷикӣ дар Ӯзбекистон мақоми қонуни диҳед

Ҳаким Рабимпур як тоҷики фаъоли ҷомеаи шаҳрванди Самарқанд бо ирсоли як нома ба унвони президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёв хоҳиш намудаас, ки дар Ӯзбекистон ба забони тоҷикӣ мақоми қонуни дода шавад.

Номбурда дар номаи худ аз президент эҳтиромона дархост менамояд, ки барои қонунӣ шудани мақоми забони тоҷикӣ дар Ӯзбекистон мусоидат намоянд ва ин талабу хоҳиши тоҷикони Ӯзбекистонро ба амал биёварад. Ин тоҷикзабони самарқанди ироа менамояд, ки тоҷикизабонони Ӯзбекистон орзуи шаҳрванди комилҳуқуқ буданро доранд ва орзу мекунанд, ки дар кишварҳои ҳуқуқбунёд ва воқеъан демократи зиндагӣ намоянд.

Шакли пурраи нома

БА ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН, ҶАНОБИ МӮҲТАРАМ Ш.М.МИРЗИЁЕВ

АЗ НОМИ ШАҲРВАНДИ ӮЗБЕКИСТОН, ҲАКИМ РАББИМПУР

Ҷаноби президенти мӯҳтарам Шавкат Миромонович Мирзиёев,

Ман ҳамчун фарзанди миллати тоҷик, зодаи шаҳри Самарқанд ва шаҳрванди Ӯзбекистон ба Шумо муроҷиат менамоям! Дар тӯли ҳазорсолаҳо миллати тоҷик дар ин сарзамин, дар қатори қавму миллатҳои дигар чандин давлатро асос гузоштааст. Гузаштагони миллати мо барои шаклгирии тамаддун на танҳо дар минтақаи Варорӯд (Мовароуннаҳр), балки умуман дар ҳудуди Эронзамини таърихӣ нақши асосӣ ва ҷовидонӣ бозидааст. Яъне, тоҷикон дар ташаккулу равнақи шоҳигариҳои Сомониён, Хоразмшоҳиён, Қарохониён, Ғазнавиён, Салҷуқиён, Шайбониён, Аштархониён ва Манғитиён ҳиссаи арзандаи худро гузоштаанд. Ҳазорҳо намояндаи ин миллат дар соҳаҳои сиёсат, фарҳанг, иқтисод, илму маориф, кишоварзӣ, дину оин ва ҳунармандӣ на танҳо барои миллати хеш, балки барои кулли инсоният хидмат намуда, шуҳрати ҷаҳон гардидаанд. Дастовардҳои фарзандони фарзонаи тоҷик имрӯз ҳам боиси ифтихор ва мавриди баҳрабардорӣ ҳастанд. Аз замони Давлати Сомониён то даврони Ҳукумати Шӯравӣ қариб ҳазор сол забони коргузории ин давлатҳо порсӣ-тоҷикӣ ва андаке туркӣ ҳам будааст. Инчунин дар минтақа миллатҳои гуногун бе мамоният бо забони модарии худ коргузорӣ мекарданд, осори адабӣ эҷод мекарданд. Ҳаргиз тафриқагузориву фишороварӣ бар болои миллату қавму забони дигар вуҷуд надошт.

Шӯрбахтона, баъд аз сарнагун шудани хонигариҳои Хеваву Қӯқанду Аморати Бухоро ва ба сари ҳукумат омадани болшевикони Русия, ки мақсадашон сарнагун кардани забону фарҳанги қадимии порсу тоҷик буд, корҳое барои аз миён бардоштани ин фарҳангу тамаддун оғоз ёфтанд. Бегумон посдорони ин тамаддуни бузург қишри асосии зиёиён ва донишмандон буданд ва имкон дошт, ки ин тоифа садди роҳи сиёсатҳои зидди тоҷиконаи ин низоми мустабид шаванд. Аз ин рӯй Ҳукумати Шӯравӣ аввалан равшанфикронро бар ҳошия ронданд ва барои расидан ба мароми худ ба тотору бошқирон, туркони асирафтода, ҷадидони дар Туркия таҳсилдида, ки ҳамаи онҳо шомили ҳаракати пантуркҳо буданд, такя карда, бар зидди забони порсӣ-тоҷикӣ ва ҳастии миллати тоҷик бархостанд. Онҳо мардуми авомро ба тоҷикбадбинӣ таҳрик карда ҷудоиро талқин мекарданд. Онҳо пайваста тарғиб мекарданд, ки тоҷик ном миллате нест ва ин ҳама мардуми порсизабон асолатан туркони забонгумкарда ва ё аз Эрон омада ҳастанд. Онҳо таъкид мекарданд, ки Тӯрон ватани туркон аст. Дар натиҷаи ин ташвиқоти ноодилона соли 1924 болшевикон ва пантуркистон қисман ба мақсади худ расиданд. Ҳангоми тақсимбандиҳои марзии Осиёи Миёна дар ҳайъати комиссия намояндагоне аз ӯзбекон, туркманҳо, қазоқҳо ва қирғизҳо амал мекарданд, вале ҳеҷ намояндае аз мардуми бумии ин сарзамин — тоҷикон ба ҳайъати комиссия роҳ наёфт. Танҳо бо талошу ҷонфидоии фарзандони шарифи ин миллат тоҷикон ба комиссияи ӯзбекон ҳамчун зеркомиссия дохил карда шуданд. Ин буд, ки Тоҷикистон ҳамчун ҷумҳурии худмухтор (автономӣ) ба ҳайъати Ӯзбекистон ҳамроҳ карда шуд.

Кор ин тавр шуд, ки соҳибони нави ин ҷумҳуриҳо, ки давлат ба номи онҳо сабт шуда буд, тамоми авлавият, ҳукумату имтиёзҳои ҳангуфтро ба даст дароварданд ва ҳаққу ҳуқуқи дигар миллатҳо ва забону фарҳангашонро қариб ба нестӣ кашонданд, аз ҷумла тоҷикон, ки сершумортарин миллат ва шаҳрвандони комилҳуқуқи ду хонигарӣ ва аморати мазкур буданд, дар шиносномаҳояшон ӯзбек сабтином шуданд. Онҳо мардуми тоҷикро маҷбур мекарданд, ки фарзандонашонро ба мактабҳои ӯзбекӣ диҳанд. Мегуфтанд, ки ин ҷо Ӯзбекистон аст, ҳама бояд худро ӯзбек номнавис кунад, ӯзбекӣ таҳсил бинад ва ҳарф занад, дар акси ҳол ба ҷумҳурии навташкили Тоҷикистон бадарға мешаванд ва ё касе мансабу вазифа намегирад…

Маро ин андеша ором намегузорад: куҷо шуд он дӯстию бародарӣ, ки Ҷомӣ ва Навоӣ асос гузоштанду дар ҳама маъракаҳои хурду бузург таъкид карда мешавад? Чаро тамоми имтиёзҳо дар сатҳи давлатӣ ба ӯзбекон тааллуқ дорад? Бар чӣ асос тафриқа байни шаҳрвандони як мамлакат аз замин то ба сурайёст? Чаро дар ин кишвар як бародар бар бародари дигар авлавият дорад? Чаро як тоҷик, агар мехоҳад соҳибмансаб шавад ё мартаба ёбад, маҷбур аст худро дар шиноснома ӯзбек сабт кунад? Масалан, як соҳибистеъдоди тоҷик барои ба минбари радиою телевизион ва ё саҳнаи калон роҳ ёфтан ҳатман бояд сурудҳои ӯзбекӣ сарояд ё оҳангҳои маъруфи тоҷикиро бо матнҳои ӯзбекӣ пешкаш кунад. Чаро фарҳангу тамаддуни ин миллат ва дастовардҳои мардуми тоҷик ба номи ӯзбекон номнавис мешаванд ва ба тамоми дунё ба унвони моли ӯзбекон ном бурда мешавад? Оё таҳрифи таърих гуноҳ нест? Мо киро гӯл мезанем, дар ҳоле ки ин дастовардҳои фарҳангӣ ва таърихиро тамоми ҷаҳониён медонанд? Магар аз рӯи адолат аст як бародар бо поймол кардани ҳуқиқи бародари худ, паст задани забон, фаҳанг, таърих, тамаддун ва шарафи ӯ обрӯ ёбад? Мо ҳоло тақрибан ба таври комил аз тамоми арзишҳои коммунистҳо, болшевикон ва империяи Русия даст кашидаем. Чаро мо аз арзишу ақидаҳои таассубомези пантуркистон даст накашем, ки сохтаи Туркияву болшевикон будааст ва мақсадашон ба нобудӣ расонидан ва инкори забон, фарҳанг ва умуман ҳастии тоҷикон буд. Онҳо ҳанӯз дар оғози қарни 20 бо шиорҳои шовинистӣ бархоста, моро аз ҳам ҷудо ва зидди якдигар карданд. Мутаассифона, ин раванд то ҳоло давом дорад.

Набояд фаромӯш кард, ки ҳангоми тақсимбандии марзҳо бисёр тоҷикон ба комиссияи ӯзбекон дохил шуда, барои ташкил шудани Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҷонбозӣ карданд. Бояд мӯйро аз хамир кашида тавонем, бархе аз онҳо зери таъсири ақидаҳои пантуркистӣ монда бошанд, баъзеашон воқеан беғаразона фикр мекарданд, ки мо бародар ҳастем, ҳеч гоҳ ҳуқуқи моро бародарони ӯзбекамон поймол намекунанд. Ду забон, чӣ хеле ки дар хонигариҳои Хева, Қӯқанд ва Аморати Бухоро буд, идома меёбад, вале дар амал фикру андешаи тоҷикон хато баромад ва ҳоло онҳо барои мо миллатфурӯш ном гирифтанд. Гарчанде аксарияти ин тоифа хатои худро фаҳмида, баъдан дар Тоҷикистон кору фаъолият кардаанд, аммо баъзеашон аз ҳамон ақидаи пантуркистӣ пас нагаштанд. Хуллас, дар шуури тоҷикон ақидаҳои паҳнкардаи пантуркистон чунон ҷой гирифт, ки то ҳол маҷбуранд ё фаҳмидаю нафаҳмида бо номи ӯзбек барои Ӯзбекистон дар ҳама соҳаҳои давлат хидматҳои арзанда мекунанд, ки ин инкорпазир нест. Модом ки чунин аст, барои ин аз худ гузаштанҳо ба тоҷикони Ӯзбекистон ташаккур бояд гуфт ва минбаъд дар замони истиқлол ҳаққу ҳуқуқашонро расмӣ ва қонунӣ кард. Дар ин миён аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ се даҳсола гузашт ва агар воқеъан мунсифона ҳақ ба ҳақдор бирасад, он гоҳ мо мардуми турку тоҷики Ӯзбекистон дар ҳақиқат бародар мешудем.

Зикраш бамаврид аст, ки то замони бозсозии М.С. Горбачёв тоҷикон аз таҳсил дидан дар техникум, институтҳои махсуси тоҷикӣ, коргузорӣ бо забони модарӣ, нишон додани ҳувияту худшиносии миллӣ, омӯхтани таъриху тамаддуни хеш, шунидан, дидани радиою телевизони саросарии ҳаррӯза ба забони тоҷикӣ, чопи китобҳои дарсиву бадеию илмӣ…, ки ҳар як миллати бумӣ ниёз дорад, бебаҳра будаанд ва вазъияташон ҳузнангезу тоқатфарсо буд, ки оқибат мардум аз забону фарҳанги худ дур ва бетафовут шудаанд. Дар баъзе маҳалу шаҳрҳо синфҳо ё мактаби тоҷикӣ буданд, ки дар он мактабҳо талабагон ба миқдори хеле кам буданд, ба ғайр аз Донишкадаи давлатии омӯзгории Самарқанд, ки факултаи забону адабиёти тоҷик дошт ва Донишгоҳи давлатии Самарқанд, ки дар назди факултаи забон ва адабиёти ӯзбек шуъбаи тоҷикӣ низ амал мекард, дигар дар донишкадаҳои ҳеч вилояте аз бахшҳои тоҷикӣ ному нишон набуд. Дар тамоми ҷумҳурӣ барои чанд миллион тоҷик танҳо як рӯзномаи “Ҳакиқати Ӯзбекистон” (ҳоло “Овози Тоҷик”) чоп мешуд, ки дар асл барои мушкилот ва ормонҳои тоҷикон ҷавобгӯ набуд.

Баъд аз оғози бозсозӣ ва озодии баёну ислоҳоти горбачёвӣ фидоиёни ин миллат хоҳишҳо ва ҳаққи худро аз ҳукумати СССР, УзССР ва вилоятҳо ҳаматарафа талаб карданд, ки дар натиҷа дар мактабҳо, синфҳо, ва техникуму донишкадаҳо гурӯҳҳои тоҷикӣ андаке бошанд ҳам, кушода шуданд. Дар се вилоят, рӯзномаҳои вилоятӣ ва дар 9 ноҳия рӯзномаҳои ноҳиявӣ бо забони тоҷикӣ ба кор шурӯъ карданд, ҳамчунин ҳафтае як маротиба барномаи фарҳангии “Рангинкамон” аз телевизиони марказии Ӯзбекистон ва бахши тоҷикии телестудияи СТВ ва СТР-и Самарқанд ба кор шурӯъ карданд. Дар баъзе ҷойҳои шаҳр ва ноҳияҳо, шиорҳои тоҷикӣ навишта шуданд ва ромишгаронро иҷозат шуд, ки бо забони модариашон ҳунарнамоӣ кунанд. Ростӣ, ин ҳама дар он солҳо барои мо тоҷикон арзише дошт. Мо сарбаланд гардида будем, худро ҳамчун шаҳрванди комилҳуқуқи ин сарзамин эҳсос мекардем. Батадриҷ ҳисси худшиносии мардуми шаҳру деҳот бедор мешуд.

Дардо, ки пас аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ва ба истиқлол расидани Ҷумурии Ӯзбекистон, оҳиста-оҳиста он дастовардҳое, ки мо дар ин 4-5 сол ба он ноил шудем, яке паси ҳам ба нестӣ рафтанд, синф ва мактабҳои тоҷикӣ қариб ба нестӣ рафтанд, ягона донишгоҳи омӯзгории Самарқанд, ки қариб барои тамоми фанҳо омӯзгор тайёр мекард, баста шуд. Факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи Самарқанд, ки олимони забардаст дошт ва на танҳо фахри тамоми тоҷикони Ӯзбекистон буд, барҳам хӯрда, ба шуъбачаи факултети забонҳо табдил ёфт. Ин бахши тоҷикӣ ҳоло дур аз бинои асосии донишгоҳ дар як гӯшаи назарногири шаҳр фаъолият дорад. Ба раёсати ин шуъба афроде омадаанд, ки дур аз илм ва вобастаи хадамоти амниятӣ ва моил ба фасод мебошанд. Оё дар ин ҳолат донишҷӯ дониши комил гирифта метавонад? Дигар дари тамоми шуъбаҳои тоҷикии донишкадаҳои вилоятҳо ва рӯзномаҳо ғайр аз Самарқанду Сурхондарё баста шудаанд. Робита бо Тоҷикистон ба далели ҷанги шарвандӣ ва сардии муносибати байни ҳукуматҳои ду ҷумҳурӣ ба ҳадди хеле пойин расид ва низоми раводид ҷорӣ шуд. Ин буд, ки мо аз равобити фарҳангӣ, адабию илмӣ ва иҷтимоӣ бебаҳра мондем. Тоҷикони Ӯзбекистон худро мисли ятимон бе пару бол, парешонҳол ва беумеду беоянда эхсос карданд. Барои давом додани таҳсил барои хатмкунандагони мактабҳои тоҷикӣ коллеҷи тоҷикӣ нест, дар донишгоҳҳо ғайр аз гурӯҳи забону адабиёт, ки хеле кам донишҷӯ қабул мекунад, факултаҳо барои дигар фанҳо вуҷуд надоранд. Пас, ҷавонон куҷо рафта хонанд?… 18 марти соли 1991 бо имзои даҳҳо ҳазор, мо Иттиҳодияи иҷтимоию фарҳангии Самарқанд ва Маркази фарҳангии тоҷикон “Самарқанд” ва бо дастгирии тамоми тоҷикони кишварамон ба хотири ҳалли мушкилҳои мавҷуда ва даво ёфтан ба дарду доғҳое, ки тамоми қишри ҷомеаи тоҷикони кишвари Ӯзбекистонро фаро гирифтааст, ба унвони президенти собиқи кишварамон мактуби саркушода навиштем, ки то ҳол моҳияти худро гум накардааст ва дар архиви мукотибаи раисҷумҳур ҳаст. Аммо чӣ кунем, ки ҳеч вокуниш ва кору амале надидем. Ҳарчанд борҳо ба президент, сарвазир, Маҷлиси Олӣ муроҷиат кардем, аммо шӯрбахтона боло гӯши шунаво надошт. Маҷбур шудем ба созмонҳои ҳуқуқи башар, САҲА (OSCE), СММ, Дидбони Ҳуқуқи Башар ва Иттиҳодияи Аврупову Амрико ва ниҳодҳои инсонпарварии онҳо муроҷиат кунем. Дар навбати худ онҳо ба ҳукумати кишвари мо муроҷиат карда бошанд ҳам, мушкилоти мо чун муаммо рӯи коғаз монд, баръакс фишору зуроварӣ, аз кор сабукдӯш кардани фаъолону фидоиён, тарсондани аҳли хонавода барои барҳам задани ду ташкилоти Иҷтимоӣ ва фарҳангиамон анҷомид, ки фаъолияти расмиамон ғайримумкин шуд. Бо вуҷуди ин ҳама фишорҳо мо ба таври ғайрирасмӣ ҷамъ мешудем ва ба ниҳодҳои ҳукуматию байналмилалӣ муроҷиатҳо мекардем ва корҳои фарҳангӣ анҷом медодем. Албатта, марказҳои фарҳангие, ки аз қайди вазорати адлия гузашта буданд, кор мекарданд, вале афроди лаббайгӯй ва вобаста ба ҳукумату воҳидҳои қудратии он сари кор буданд, ки ғайр аз худашон ва ду се ҳаммаслаконашон касе аъзои он марказ набуд. Доираи фаъолияти онҳо аз доираю думбак задан дар ҷашну маросимҳо ё омадани комиссияҳо фаротар набуд. Боре ҳам муаммои тоҷиконро ба ҳукумати маҳалливу ҷумҳурӣ барои баррасӣ пешниҳод накардаву баръакс, зидди фаъолон ва фидоиён, ки мувофиқи қонуни кишвар кор мекарданду талаб ҳам мекарданд, баромада, мардум ва ҳукуматро гӯл мезаданд, ки гӯё онҳо миллатчӣ ва экстримист ҳастанду ба муносибатҳои бародарии ду миллат рахна мезананд. Дар натиҷа дар Самарқанд фазое ба вуҷуд омад, ки ҳазорҳо муттахассис ва мардуми тоҷики бумӣ барои фаъолият ва зиндагии озод ба хориҷи кишвар баромада рафтанд, ки ин барои равнақи иқтисод ва илму фарҳанги кишварамон бетаъсир намонд.

Чӣ хеле ки медонед, баъди пошхӯрии ИҶШС (СССР) ва истиқлол ёфтани Ӯзбекистон самарқандиён яке аз аввалинҳо шуда соҳаи хусусӣ ва соҳибкориро ба роҳ монда, садҳо корхонаву иттиҳодияҳо ба вуҷуд оварданд, ҳазорҳо нафар соҳиби кор шуданд, ҳамин тариқ хазинаи мамлакатамон ва нуфузи онро боло бардоштанд, ки ин фахри тамоми мо мебошад, вале оҳиста-оҳиста корчаллонҳои рустоӣ, ки нав ба шаҳр кӯчида омадаанд, бо ҳамдастии баъзе кормандони ҳукуматию қудратӣ бо ҳар хел баҳонаву гуноҳҳои бофта ва дурӯғин корхона ва муассисаҳоро аз дасти онҳо кашида гирифтанд. Ва аммо баъди андак вақт аксарияти корхонаҳоро ба муфлисӣ расониданд, чунки чашми кордон надоштанд. Дар натиҷа одамони зиёд бекор монду давлат зарар дид. Аксарияти шахсони соҳибкоре, ки ба чунин ноадолатӣ рӯ ба рӯ шудаанд, тоҷик буданд. Онҳо маҷбур шуданд, ки ба хориҷ рафта фаъолият баранд. Ҳоло хазинаи он мамлакатҳоро пур мекунанд ва хеле обрӯманд ҳам мебошанд. Оё миллатчиён ва ҳомиёни онҳо дарк намекунанд, ки ин зарба ба худи онҳо ва пеш аз ҳама ба кишвари азизи мо мебошад?

Бубинед, ҳоло самарқандиён ва дигар тоҷикони Ӯзбекистон, ки дар мамлакатҳои мухталифи Осиё, Аврупою Амрико дар соҳаҳои илму фарҳанг, иқтисод, технолоҷӣ ва савдо ба комёбиҳои калон ноил шудаанд, дастовардашонро аз номи Ӯзбекистону миллати ӯзбек муаррифӣ мекунанд. Пас, бигӯед, ки дар ҷаҳон дигар чунин миллати дасту дилкушоди дигареро дидаед? Магар инро Шумо бохти миллату кишвари Ӯзбекистон намешуморед? Беқадр кардани шаҳрванди ин марзу бум намеҳисобед?

Тавре ки мебинед, муаммою мушкилоти ҳаёти тоҷикони саросари кишвар бешуморанд, вале ман танҳо дар мисоли Бухоро ва хусусан Самарқанд мегӯям, ки ин ду шаҳри азим дар гузашта ва ҳоло ҳам моҳияти маркази фарҳангии тоҷиконро аз даст надодаанд. Бале, ин ҳақиқат аст! Ҳақиқати таърих аст! Ҳоло як гурӯҳ доираҳои миллатгаро ва пантуркист, ки аз ҳомиёни хориҷиашон сабақ мегиранд, мехоҳанд решаи тоҷик ва забону таъриху фарҳанги онро дар Самарқанду Бухоро, ки ҳастии тамоми тоҷикон аз ин шаҳр манша мегирад, баркананд. Чунин кор дар дигар шаҳру ноҳияҳои тоҷикнишини ҷумҳурӣ низ дида мешавад. Ин ду гаҳвораи тамаддуни мо ҳастанд, ки тӯли ҳазорсолаҳо ба зеҳнияту шуури мардумаш тамаддунофариро ҷо намудааст! Ба ин тафаккури баланди сайқалёфтаю беҳамто аҳли олам мафтун гардидаву ҳоло боиси ифтихори ӯзбекон ҳам ҳаст. Агар мардуми ин шаҳрҳо ҳама ба хориҷа баромада раванд ё забону шуурашон ӯзбеконида шавад, оё ин бохти ҳамаи мо нест? Магар шикастани рӯҳи ин миллат ва ғуломтабиат шудани онҳо ба нафъи миллату давлат буда метавонад? Магар Самарқанду Бухоро бидуни мардуми асливу боҳунараш сазовори номашон мешаванд? Охир, на танҳо ёдгориҳои меъмории қадима ва қасру кушкҳои ин шаҳрҳои бузург, ки ниёкон бароямон мерос гузоштаанд, балки тарзи вижаи зиндагӣ, ақлу идроки тамаддунофари мардуми аз қадим шаҳрнишин ҳам як қисмати Бухорою Самарқанд аст! Оё миллатчиён паёмади бади онро дарк мекарда бошанд? Бе самарқандиву бухороӣ ҳоли зори ин шаҳрҳоро тасаввур кардан душвор аст. Барои аҳли тамоми дунё аён аст, ки шукӯҳу шуҳрати ин ду шаҳр, бевосита мардуми аслӣ ҳастанд!

Баьди фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ чун русу русизабонон кӯч бастанд, хеле ӯзбекони рустоӣ сокини шаҳри Самарқанд шуданд. Албатта, дар қишлоқҳо ҷойи кор камтар аст, муҳоҷират, шаҳрҳои бузург, майли шаҳрнишинӣ ва дигару дигар омилҳо ҳам каму беш боиси ин раванд мешаванд, вале ақли солим дарк мекунад, ки ин корро махсус ҳам карда истодаанд, то нуфузи якеро аз дигар мардуми муқимӣ зиёд карда гӯянд, ки ин шаҳри мост ва шумо меҳмонед.. Ҳоло роҳбарону кормандони тамоми ниҳодҳои давлатӣ, донишгоҳҳову шуъбаҳои маориф, муассисаҳои қудратӣ, тиббӣ, корхонаҷот ва дигар соҳаҳоро асосан ӯзбекон ташкил медиҳанд. Кадом дари идора ё муассисаро кушоед, ҳамон ҳолат, аҳён-аҳён тоҷикҳоро вохӯред, онҷо мутахассиси ҳамон соҳа аз ӯзбекон намерасидаасту аз рӯйи ноилоҷӣ тоҷикро ба он даргоҳ қабул кардаанд. Кас ҳайрон мешавад, ки ӯзбеконидани аҳолӣ ва таърихро ба номи худ номнавис кардан ба кӣ чӣ шуҳрате ё мақоме медиҳад? Барои ин кор масалан созмонҳои пулии ҷаҳонӣ маблағ медиҳанд, ё гурӯҳе ягон манфиати ақлонӣ мегирад? Магар чунин ҳақношиносӣ зидди қонунҳои умумбашарӣ ва сарқонуни Ӯзбекистон нест, ки гуфта шудааст, ҳаққу ҳуқуқи ҳеҷ миллате паймол намешавад ва давлат барои ин кор вазифадор аст? Ман ҳеҷ миллатеро, ки дар кишварамон зиндагӣ мекунанд, паст задан ё таҳқир карданӣ нестам, лекин тоҷиконро, ки миллати бумии ин сарзамин мебошанд, ҳангоми ҳаллу фасли масъалаҳо набояд дар қатори дигар қавму қабилаҳои камшумор, ки решаашон аз дигар ҷойҳост, муқоиса ва баробар кунем. Ҳаққи тоҷикон аст, ки забонашон дар Ӯзбекистон, чунон ки аз қадим буд, расман забони дуюми давлатӣ эълон карда шавад. Агар чунин шавад, ин бурди забони ӯзбекӣ ҳам мешавад, чунки асосу фарҳанг ва ҳувиятамон бо гузашти замон аз як манбаъ сарчашма мегирад.

Муҳтарам ҷаноби Президент, баъд аз интихоб шудани Шумо ба мақоми президентӣ, дар мамлакат ислоҳот ҷорӣ шуд, ки тамоми қишри ҷомеаро фаро мегирад ва озодии баён низ аз он ҷумла аст. Ин аст, ки каме бошад ҳам овози моро мешунаванд. Сарҳадҳои Ӯзбекистону Тоҷикистон кушода шуданд, мардуми ду ҷумҳурӣ аз Шумо хеле ва хеле миннатдоранд, ки баъди 25 соли бегона гирифтанҳо боз ин ду миллат якдигарро ба оғӯш кашиданд. Рӯзҳои фарҳангии ду миллат баргузор гардид, робитаҳои иқтисодию фарҳангӣ ва маориф каме фаъол шуданд, ки мо ҳам умед аз оянда пайдо карда хурсанд шудем. Марказҳои фаҳангӣ аз нав кори худро шурӯъ карданд, вале дар баъзе марказҳои тоҷикон ҳамон элитаи кӯҳна, бо кӯмаки ҳукумати маҳаллӣ ё ниҳодҳои қудратӣ сари кор омаданд, боз ҳамон сиёсату кордории куҳнаро пеша карданд ва қариб фаъолият намекунанд. Шахсони кордону фидоиёнро бо ҳар гуна баҳонаву туҳматҳо канор гузоштаанд, ки ин ба сиёсати мардумпарварии давлат рост намеояд ва хилофи қонун буда, ба обрӯву мақоми он рахна мезанад.

Дар ин муддат дар шаҳру деҳот, ки тоҷикон зиндагӣ мекунанд, 5-6 синфи тоҷикӣ кушода шуданд, ки хеле ночиз мебошанд. Барои бештар шудани синфу мактабҳои тоҷикӣ ғайрирасмӣ аз тарафи маъмурияти мактаб ва шуъбаи маорифҳо ва баъзе шахсони миллатчӣ мамониятҳо вуҷуд доранд. Ҳамон миллатчиён садди роҳи падару модарон мешаванд, ки агар фарзандонатон ӯзбекӣ нахонанд, ояндаашон хуб намешавад ва дигар мушкилиҳои сохтаву бофта. Агар мо дар ҳақиқат хоҳем, ки забону фарҳанги тоҷик рушд кунад, мактабу синфҳо, коллеҷу литсейҳо ва донишкадаву донишгоҳҳо ва шуъбаҳои тоҷикии он кушода шаванд, бояд онро дар навбати аввал бар асоси қонун расмӣ кунонем ва дар Конститутсияву модаи он номнавис шавад, ки ҳар касу нокас ё як амалдору миллатчӣ садди роҳ нашавад, мардум бовар кунад, ки ҳаққу хуқуқи ӯ аз тарафи давлат ҳимоят карда мешавад. Дар ин ҳолат донишомӯз, ки мактабро хатм кард, бояд интихоби таҳсил дар гурӯҳ ва факултаҳои тоҷикӣ дар коллеҷ, литсей, донишкада ва донишгоҳҳоро дошта бошад (албатта, донишомӯзон забони давлатиро ҳам амиқ омӯхтанашон даркор аст).

Вақти он омадааст, ки донишкадаи педагогии Самарқанд, ки дар асл барои тоҷикон пешбинӣ шуда буд, эҳё гардад ва шуъбаҳои он дар тамоми вилоятҳо, ки тоҷикон ва мактабҳои тоҷикӣ ҳастанд ба таври алоҳида ё мустақил кушода шаванд. Дар Самарқанд ва Бухоро ҳарчи зудтар кушодани театри тоҷикӣ зарур аст, барои ин мутахассисон ҳастанд, ки замоне донишкадаи санъати Тоҷикистонро хатм карда буданд. Фоҷиаи Бухоро он аст, ки дар вақташ болшевикону пантуркистон зарбаи асосиро бар зидди забону фарҳанги тоҷикон равона карда буданд, ин аст, ки ҳоло забони тоҷикӣ дар ҳолати марг асту маҳкум ба нестшавист. Мо бояд роҳи наҷотро, роҳи ҳалли ин муаммою мушкилотро ёбем, то аз Бухоро мисли Буали Сино, Ал Бухорӣ, Баҳоваддини Нақшбанд ва Садриддин Айнӣ барин бузургон рӯйи кор оянд ва дубора ба шуҳрати кишварамон афзояд. Дар шабакаи асосии радио ва телевизиони ҷумҳурӣ бояд бахши тоҷикӣ кушода шавад, ки дар он тамоми барномаҳои хабарӣ, иҷтимоӣ, ҳунарӣ, фарҳангу мусиқӣ ва дигарҳо, ки мардум ниёз доранд, пахш гарданд. Ин иқдом дар шаҳру вилоятҳо ҳам бояд дастгирӣ ёбад. Барномарезӣ ва кушодани маҷаллаи адабию фараҳнгӣ ва иҷтимоӣ, инчунин рӯзномаҳои мустақил дар вилоятҳо ва ноҳияҳои тоҷикнишин мувофиқи мақсад мебуд. Агар ин корҳо иҷро шаванд, тоҷикони Ӯзбекистон дар ҳақиқат худро шаҳрвандони комилҳуқуқи ватанашон меҳисобанд, ки то ҳол чунин набудааст ва ба зеҳнияту шуур ва худшиносияшон таъсири манфӣ расонидааст. Дар акси ҳол мо аз кадом давлату миллат ифтихор кунем? Мо ҳам мехоҳем аз Ватану миллати худ бо номи худамон, ки давлат ба қадрамон расидаву расман тан гирифтааст, фахр кунем.

Ҳоло, ки кишварамон дар ташвиши бартараф кардани коронавирус аст, шояд зоҳиран вақти ин муроҷиат набошад. Аммо мо аз он дар ташвишем, ки чанд муддати охир як гурӯҳ олимону муҳаққиқони миллатгарою шовинист аз қабили Шохиста Ӯлҷаева ва Анвар Шукуров ва дигарон бар зидди тоҷикон ва хусусан мардуми тоҷикзабони Самарқанду Бухоро пайи ҳам мақолаҳои муғризона навишта, шаъну мақом ва миллати моро паст зада, “аз нокуҷо омадагон бояд нест шаванд” барин ҳарфҳои ноҷо мезананд ва бо ин рафторашон бар решаи бародарию дӯстии мо теша мезананд. Аз ин рӯ имкон дорад, миёни ҷомеъа аксуламалеро ба миён оварад, ки ба нофаҳмӣ ва кинаву адовати мардум оварда расонад.

Маълум аст, ки бо қарори Ҳукумати Ӯзбекистон аз 1 июли соли 2020 Барномаи давлатии густариши забони ӯзбекӣ ва баррасии дигарбора ё аз нав дида баромадани Қонуни забони давлатӣ, барномарезӣ мешавад. Мехоҳем дар ин қонун мақоми забони тоҷикӣ низ ҳамчун забони расмӣ ба инобат гирифта шавад.

Аз ҷаноби президент эҳтиромона дархост дорем, ки барои қонунӣ шудани мақоми забони тоҷикӣ дар Ӯзбекистон мусоидат намоянд ва ин талабу хоҳиши моро ба амал биёваранд. Орзуи шаҳрванди комилҳуқуқ буданро доштан орзуест, ки дар кишварҳои ҳуқуқбунёд ва воқеъан демократӣ ба амал меояд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *