Номардии падарам маро пирдухтар кард
Салом хонандагони азиз! Зиндагии пур аз машаққат маро маҷбур кард, ки қалам ба даст гирифта, ба унвонии газета нома нависам. Гунаҳкори тамоми бадбахтиҳои ба сари оилаи мо омада падарам аст.
Аз рӯйи нақли модарам падарам бо зани якумаш 20 сол зиндагӣ карда, соҳиби фарзанд нагаштааст. Барои фаҳмидани он ки аз ӯ фарзанд мешавад ё не, аз ҳамсараш пинҳонӣ вай модари маро, ки бо амри тақдир бо як писар аз шавҳараш ҷудо шуда будааст, ба никоҳи худаш медарорад. Пеш аз никоҳ падарам ба модарам ваъда дода будааст, ки агар кӯдакдор шавад, ҷавоби занашро дода бо ӯ зиндагӣ мекунад. Модари содаи ноосудаам бо умеди бахти сафед аз ин марди зандор пай дар пай се фарзандро ба дунё меорад, вале падари номардам ба аҳди худ вафо намекунад. Вақте зани шаттоҳаш хабари зани дуюм гирифтани ӯро шунида ҷангу ҷанҷол мебардорад, модарамро бо се кӯдаки хурдсол партофта, ба назди ҳамон зани безурриёташ меравад. Бечора модарам ба пеши пойи ӯ афтида, гиряву зориҳои бисёре мекунад, ки маро дубора нимаи роҳ насоз, вале падари дилсангам на ба ӯ раҳм мекунаду на ба мо, се тифлаки зебои бегуноҳ. Ҳамин тавр, модарам бо се фарзанд дарди сари бобою бибиам гашт. Барои он ки баъди сари онҳо тағоҳоям моро аз хона берун накунанд, бибии меҳрубонам пеш аз маргаш кулбаи хоксоронаашро расман ба номи модарам гузаронд. Модарам магазинчӣ ва ҷавонзани зебою олуфтаю хушлибос буд. Баъди моро партофта рафтани падарам мардҳои зиёде ӯро талабгор шуданд, вале дили модарам аз ҷинси мард тамоман хунук шуда, дигар бо касе издивоҷ кардан намехост. Солҳо турнасон мегузаштанду модарам тани танҳо моро ба воя мерасонд. Ман дар синфи чорум мехондам, ки бибиам аз дунё гузашт. Бадбахтӣ танҳо намеояд гуфтагӣ барин, ҳанӯз чили бибиамро надода, модарам бемор шуда аз по афтид. Як ҷавонзани гул барин зебо якбора девонаавзоъ шуда, дигар касеро намешинохт. Ростӣ, ман сабаби бемории модарамро намедонам, вале хешу табор мегуфтанд, ки касе ба косаи хӯроки ӯ мағзи сари хар андохтааст. Бародари калониам, яъне писари модарам аз шавҳари якумаш тобу тоқати дар ин ҳол дидани модарро накарда, ба Русия рафт, то ки пул кор карда, аз паси табобат кардани модарам шавад, вале намедонам дар мулки мардум ба сараш чӣ ҳодиса омад, ки бо ҳамин бе ному нишон шуд. Касе намедонад, ки ӯро куштанд ё бо ягон зани рус хонадор шуда, моро аз ёд баровард. Парастории модари бемор ва бародаронам бар дӯши мани хурдсол афтида монд. Дар ба дари хонаи мардум хизматгорӣ карда, барои модару додараконам як бурида нон ёфта меовардам. Азобҳое, ки дар тули ин солҳо кашидам, фақат худам медонаму Худованди яктову меҳрубон. Вақте ки духтари қадрас шудам, ҷавонони зиёде бо чашми харидорӣ ба ман менигаристагӣ шуданд, вале ишқи касеро қабул накардам. Намехостам мардум бигӯянд, ки падараш инҳоро партофту модараш девона шуд, барои ҳамин ин духтар аз кӯчаи одамгарӣ баромада бероҳа шуда монд. Бо сари хам рӯз то бегоҳ меҳнат карда, аробаи зиндагиро пеш мебудам, то ки таънашунави дӯсту душман нашавем. Бародарамро дар синни 20- солагияш зан додам, то мисли бародари калониям баромада наравад. Додари хурдиамро ба донишгоҳ дохил кардам, то ки одам шуда дар дами пирӣ асои дасти модарам гардад.
Ҳамин тавр, аз паси ташвишҳои зиндагӣ овора шуда, нафаҳмида мондам, ки чӣ тавр пирдухтар шудам.
Айни замон 32- солаам мондам. Ростӣ, чандон ба ҷинси мард таваҷҷуҳ надорам, вале ба хотири соҳиби фарзанд шудан бояд шавҳар кунам. Мехоҳам бо ягон ҷавонмарди муҷарради 30-35- сола издивоҷ намуда, соҳиби фарзанд шавам, то ки дар даврони пирӣ бесоҳиб монда, хору зор нашавам.
М, муштарии….. 44-13
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ