Номи 100 тоҷик дар «рӯйхати сиёҳ» ба Русия равон карда шуд

Мақомоти Тоҷикистон рӯйхати наздик ба 100 шаҳрванди кишварро дар ихтиёри Русия гузоштаанд, ки ба қавли онҳо эҳтимол бо гурӯҳҳои тундрав иртибот доранд. Мақомот мегӯянд, аз Русия дархост шудааст, то рафтори ин афродро таҳти назорат бигирад.

 Дар мақомоти интизомии Тоҷикистон гуфтаанд, ба ин рӯйхат шаҳрвандоне ворид шудаанд, ки аксаран аз ақидаҳои наздик ба гурӯҳи тундрави «Далвати исломӣ» ва гурӯҳҳои дигари ифротӣ пайравӣ мекунанд. Тоҷикистон танҳо ба хотири ҷилавгирӣ аз амалҳои ифротгароёна ва бадном нашудани кишвар рӯйхат тартиб додааст. «Маҳалли зисти бархеи инҳо дақиқ аст. Бархеи дигарро медонем, ки дар Русия ҳастанд, аммо дар кадом шаҳр буданашон маълум нест» гуфтааст намояндаи мақомот

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *