Номзад ба мақоми президентии Фаронса хостори лағви таҳримҳо алайҳи Русия шуд

“Комсомолская правда” хабар медиҳад, ки номзад ба мақоми президентии Фаронса Эрик Земмур, муассиси ҳизби Reconquete аз зарурати лағви таҳримҳои аврупоӣ алайҳи Русия ҳимоят кардааст.

Ба андешаи сиёсатмадор, бо Федератсияи Русия дӯстӣ кардан лозим аст. “Мо бояд бо Русия дӯст бошем. Вақти он расидааст, ки мо асбоби Иёлоти Муттаҳида буданро бас кунем… Амрико ба таҳрики кишварҳои Аврупо зидди Русия машғул аст”,- гуфтааст Земмур дар барноаи шабакаи телевизионии France 5.

Вай ҳамчунин афзудааст, ки бо наздик шудани Русия ва кишварҳои аврупоӣ, Амрико билофосила мекӯшад онҳоро аз ҳам ҷудо созад. «Агар ман президент мебудам, ваъда медодам, ки таҳримҳо алайҳи Русия дигар вуҷуд нахоҳанд дошт»,- афзудааст Земмур.

Ёдовар мешавем, ки соли 2022 дар Фаронса интихоботи президентӣ баргузор мешавад. Он дар моҳи апрел ба нақша гирифта шудааст. Беш аз сӣ нафар аллакай хоҳиши худро барои ширкат дар интихобот эълон кардаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *