Номзади асосӣ! ҲХДТ Эмомалӣ Раҳмонро пешбарӣ кард

Абдураҳмон Хонов, раиси дастгоҳи Ҳизби халқӣ – демократии Тоҷикистон, иттилоъ додааст, ки вакилони Анҷумани ғайринавбатии ин ҳизб Эмомалӣ Раҳмонро номзади худ дар интихоботи қарибулвуқӯъи президентӣ интихоб карданд.

“Нахуст номзадии Эмомалӣ Раҳмонро Зубайда Шарипова, директори мактаб-интернати кудакони имконияташон маҳдуди шаҳри Душанбе пешниҳод кард. Бақия музокиракунандагон, аз ҷумла Шукурҷон Зуҳуров, собиқ раиси Маҷлиси намояндагон, Низом Қосим, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Гулнора Тайғунова, раиси шуъбаи ҲХДТ дар ноҳияи Шуғнони Вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ ин пешниҳодро ҷонибдорӣ карданд”, — гуфт Абдураҳмон Хонов.
Ба қавли раиси дастгоҳи Ҳизби халқӣ – демократии Тоҷикистон, дар анҷумани ҲХДТ тариқи онлайн диаспораҳои тоҷикон ва созмонҳои муҳоҷирини Тоҷикистон дар Маскав низ ширкат карда, аз номзадии Эмомалӣ Раҳмон пуштибонӣ намуданд.
“Аз ҳудуди 990 вакиле, ки дар анҷуман раъй дод, ягон нафар бетараф ё мухолифи ин пешниҳод набуд. Лозим ба ёдоварист, ки баҳсу баррасиҳо дар толор бидуни сохтакорӣ ва самимона анҷом гирифтанд”, — гуфтааст Хонов.
Дар ҳамин ҳол, пешниҳод шудани Эмомалӣ Раҳмон муҳимтарин интригаи интихоботӣ дар Тоҷикистонро аз миён бурд. Қаблан Федератсияи иттифоқҳои касаба ва Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон низ номзадии Эмомалӣ Раҳмонро барои президентӣ пешниҳод карда буданд. Аммо эҳтимоли пешниҳод шудани як нафари дигар аз миён нарафта буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *