Номзадии президентро ба ҷоизаи Нобел пешниҳод карданианд

Ҳизби либерал-демократии Ӯзбекистон дар сомонаи умумии дархостҳои «Назари ман» пешниҳод кардааст, ки ба президенти ин кишвар Шавкат Мирзиёев унвони «Қаҳрамони Ӯзбекистон» дода шавад. Ин дархостро даҳ ҳазор одам ҷонибдорӣ карданд.

Ҳамчунин узви ин ҳизб ва вакили Шӯрои вакилони халқии вилояти Намангон Олимҷон Тухтаназарови 50-сола, ки дар яке аз шабакаҳои телевизионии Ӯзбекистон ба ҳайси коргардон кор мекунад, мегӯяд, ба Мирзиёев бояд ҷоизаи Нобел дода шавад.

Ҷоизаи Нобел, ки таърихи беш аз як асра дорад, барои дастовардҳо дар бахши кимиё, физика, тиб, адабиёт ва фаъолиятҳои сулҳовар дода мешавад. Ба гуфтаи Тухтаназаров, Мирзиёев бар асоси тамоми номгӯҳои мазкур сазовори ҷоизаи Нобел аст.

«Дар бахши адабиёт барои он сазовор аст, ки ба ин бахш диққати бештар медиҳад. Дар бахши фаъолиятҳои сулҳовар низ бояд соҳиби ҷоизаи Нобел шавад, чун дар Ӯзбекистон сулҳ ҳукмфармост. Дар бахши илм ҳам ба осонӣ барандаи ҷоиза хоҳад шуд. Зеро вай ба рӯзноманигории дохилӣ таваҷҷуҳ карда, донишгоҳи махсус боз кард. Ман эҳсос мекунам, ки базудӣ намояндагони ҷоиза худашон омада, ба Юртбошии мо (унвони раҳбари давлат дар Ӯзбекистон) онро медиҳанд», — изҳор дошт Тухтаназаров, ки иштибоҳан Ҷоизаи Нобелро ба кишвари Швейтсария мансуб донистааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *