Номзадии ректори ДСХ ба вакили парлумон пешниҳод шуд

Номзадии Фозил Обидов, ректори Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат ба вакили парлумон пешниҳод шудааст.

Дар Конференсияи якҷояи ташкилотҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияҳои Шоҳмансур ва Фирдавсӣ, ки дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон баргузор шуд, номзадии Фозил Обидов ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии якмандатии Шоҳмансур №3 пешбарӣ гардид.

Дар кори он узви Раёсати КИМ ҲХДТ дар Ситоди марказии пешазинтихоботии ҲХДТ Саидмурод Фаттоҳзода, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Зоир Раҳмонзода, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур Зулфиқор Гулаҳмадзода, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ Азизхўча Азизов, Раиси комиссияи ҳавзавии интихоботии №3 Фаридун Ҳакимов ва вакилони конференсия иштирок намуданд.

Фозил Обидов, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор буда, қаблан декани факултети молия ва қарзи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буд. Номбурда соли гузашта ректори Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат таъин шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *