Нонхӯри зиёдатӣ шудам

Муҳаббат ном дораму дар яке аз ноҳияҳои тобеи кишвар ба дунё омадаам. Волидонам маро ба писари тағоям ба шавҳар дода буданд.

Зани тағоям аз олам гузаштаву ӯ зани дигар гирифта буд. Моиндари шавҳарам як аловдастаи тайёр буд. Аз рӯзи аввали зиндагӣ ӯ ба ман рӯй хуш надода, ҳамеша таҳқир мекард, меранҷонд, азобу озор медод.  Муддати 7 сол дар дӯзахи хушдоман сӯхта хокистар шудам, вале ба ҳамааш тоқат мекардам, то ки фарзандам бе падар ва хор нашавад. Шавҳарам ҳар сол барои таъмини зиндагӣ ба Русия мардикорӣ рафта меомад. Дар набудани шавҳарам се бародараш маро зери мушту лагад гирифта, бераҳмона мезаданд. Рӯзи дароз хар барин кор кунам ҳам, касе дар он хона ба ман рӯйи хуш намедод. “Ту барои мо як нонхӯри зиёдатӣ ҳастӣ ва ба ин хонаву дар ҳақ надорӣ” гӯён, мисли саги бесоҳиб ҳар рӯз лагадкӯбам мекарданд. Тағоям ин ҳама ранҷу азоби маро бо ду чашми сараш бинад ҳам, чизе гуфта наметавонист, чунки аз занаш мурданивор метарсид. Ин зани шаттоҳ бо ҷодугарӣ забони аҳли оиларо баста, ҳамаро ба худ тобеъ карда буд ва касе наметавонист аз хати кашидаи ӯ як қадам берун гузорад.

Билохира бо фармони моиндараш шавҳарам талоқи маро доду гирёну нолон ба хонаи падарам баргаштам. Ғами сиёҳбахтии ман модарамро ба сактаи майнаи сар гирифтор карда ба бистари беморӣ афканд.  Чанд муддат рӯйи ҷогаҳ хобида, модарҷонам аз дунё гузашт. Баъди сари модарам ба шаҳр омадам, то ки аробаи зиндагиамро мустақилона кашида, бори дӯши акаву янгаҳоям нагардам, вале тақдир боз бо ман бозии бераҳмона кард. Бар асари як ҳодисаи нохуш сутунмуҳраам осеб дид. Духтурҳо мегӯянд, ки бояд фавран ҷарроҳӣ кунам, вале ман як тини пучак ҳам надорам. Маро дарди худам не, андешаи тақдири духтарчаам ором намегузорад. Худо накарда бо ман ягон фалокат рӯй диҳад, духтарчаам тамоман бесоҳиб мемонад.

Мардум, илтимос, ба хотири фарзандам ҷони маро харида, дар табобатам ба қадри имкон ва ҳиммати худ кӯмак расонед! Ман, агар некии шуморо баргардонида натавонам, Худо онро бармегардонад!

Муҳаббат, муштарии 915-20-36-75

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

6 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *