Нони Самарқанд ба Панҷакент омад, аммо…

Ин шабу рӯз дар бозорҳои Панҷакент нони Самарқанд аз ҳама серхаридор аст.

Нархи як донаи он 8 сомонӣ ва аз нонҳои маҳаллӣ се баробар гаронтар аст. Фурӯшандаҳо мегӯянд, бо вуҷуди гарон будани нархи нони Самарқанд, мардум маззаи онро ёд кардаанд ва харидоронаш ҳам зиёд аст. На танҳо сокинони Панҷакент, балки меҳмонон аз дигар манотиқи Тоҷикистон низ ба қавли фурӯшандаҳо аз нони Самарқанд зиёд харидорӣ мекунанд. Таърифи нони Самарқанд дар байни мардуми тоҷик солҳо машҳур буд ва бо боз шудани марз тоҷикистониён акнун имкон пайдо карданд маззаи онро бичашанд. Тоҷирон мегӯянд, ҳарчанд айни ин нонро дар Панҷакент омода карда бо нархи арзонтар ба харидорон пешниҳод мекунанд, аммо мизоҷон барои хариди нони асили самарқандӣ таваҷҷӯҳ доранд. Дар маҷмӯъ,  дар бозорҳои шаҳри Панҷакент, яке аз минтақаҳои наздимарзӣ бо Узбекистон ин шабу рӯз аз он тарафи марз нон, помидор, ҳасиб ва гулҳои Узбекистонро вохӯрдан мумкин аст. Қариб ҳар рӯз тоҷирон аз Самарқанд ба бозори шаҳри Панҷакент чанд навъи сабзавот ва дигар маҳсулотро ворид мекунанд. Ба қавли тоҷирон, молу маҳсулот ҳанӯз дар ҳаҷми кам ворид мешавад ва ин наметавонад ба пойин бурдани нарх дар бозор таъсир расонад.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *