«Норак» аз Бонки ҷаҳонӣ пул гирифт
Бонки ҷаҳонӣ барои таҷдиду бозсозии Неругоҳи барқи обии “Норак” 225,7 миллион доллар ҷудо кард.
Маблағи мазкур аз ҳисоби Анҷумани байналмилалии рушди Бонки ҷаҳонӣ ҷудо гардида, дар сурати азнавсозии он мардум ва корхонаҳои Тоҷикистон ба неруи барқи бештар дастрасӣ пайдо мекунанд. Дар иттилоияи Бонки ҷаҳонӣ омадааст, ки чаҳоряки ин маблағ грант ва аз чор се ҳиссаи он қарз мебошад.
Илова ба маблағгузории Ассотсиатсияи байналмилалии рушди Бонки ҷаҳонӣ, инчунин маблағҳои иловагӣ дар ҳаҷми 60 миллион доллар аз ҷониби Бонки Осиёгии сармоягузориҳои зербиноӣ, 40 миллион доллар аз ҷониби Бонки рушди АвруОсиё ва 24 миллион доллар аз манбаъҳои дигар ҳамчун кумак дар назар гирифта шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ