Норак. Шаҳри дўстиву бародарӣ ободтару зеботар мегардад
Шаҳри Норак дар соҳили дарёи Вахш ҷойгир буда, масоҳаташ қариб 400 километри мураббаъро ташкил медиҳад. Аз байни куҳҳое, ки Норакро ба оғўш гирифтаанд, куҳи Нор зеботарин ва баландтарин (1714 метр) мебошад. Ин шаҳри энергетикҳоро зиёда аз 40 миллати гуногун сохтаанд, ки имрўз аксарияти ин миллатҳо дар шаҳр кору зиндагӣ доранд. Ба бунёди ин шаҳри ҷавонтарин 62 сол пур шуд. Он аз 39 маҳаллаю деҳот, ду ҷамоати деҳот, 4 минтақаи манзилӣ, 38 муассисаи таълимӣ, 44 бахши тандурустӣ — беҳдоштӣ, варзишгоҳу 14 толори варзишӣ, Қасри фарҳанг, осорхона, 24 клубу китобхона, 22 ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, 46 номгўй мавзеъҳои сайёҳӣ, 4 меҳмонхона, 2 бозори замонавӣ ва ғайра иборат аст.
ШАҲРИ НУР
Норак — шаҳри барқчиёни тоҷик дорои таърихи тӯлонист. Дар китоби «Тоҷикон» ишора меравад, ки замони асри санг дар ин ҷо одамон умр ба сар мебурданд. Чил ҳазор бозёфтҳое, ки муаррихон аз ҳафриёти Норак пайдо кардаанд, интизори омўзиш ва хулосаҳои мутахассисонанд.
Бо барқарор гардидани Ҳукумати Шӯравӣ, солҳои 20-30-юми асри 20 дар ин гӯшаи диёрамон ҳам нишонаҳои ҳаёти нав пайдо шуданд. Ҳамон солҳо гидроэнергетикҳои ҷавони шӯравӣ ба мувофиқ будани Норак барои бунёди нерӯгоҳи барқи обӣ таваҷҷуҳ зоҳир карда буданд.
Маҳз бо ташаббуси сарвари ҳамонвақтаи Ҳизби коммунисти Тоҷикистон Турсун Ўлҷабоев сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии “Норак” соли 1960 ҷомаи амал пӯшид. Охирҳои соли 1960 Совети Вазирони СССР дар бораи сохтмони НБО-и “Норак” қарор қабул кард ва сохтмони калонтарин дар Осиёи Марказӣ — Нерӯгоҳи барқи обии “Норак” оғоз гардид. Ҳамон сол дар ҷои деҳаҳои Тутқавул, Норак, Лангар ва Деҳи Сабур корҳои сохтмонӣ оғоз ёфт. Сохтмони нерӯгоҳи барқи обӣ ба Норак ҳаёти тоза бахшид.
Агрегати аввалини Нерӯгоҳи барқи обии “Норак” пеш аз муҳлат — 15-уми ноябри соли 1972 ба кор андохта шуд ва моҳи декабри соли 1979 агрегати охирини нерӯгоҳ барои истеҳсоли қувваи барқи арзон ба истифода дода шуд.
Бино ба иттилои раиси шаҳри Норак Асозода Дилшод Алимурод, нерӯгоҳҳои барқи обии “Норак”-у “Бойғозӣ” аз соли баистифодадиҳӣ то ба имрўз 543634 млн киловатт-соат қувваи барқ истеҳсол намудаанд.
ИҶРОИ НАҚШАИ АНДОЗ
Ба ҳамагон маълум аст, ки андоз ободии маҳалу давлату раият аст. Баҳри таъмини тараққиёти иқтисодиву иҷтимоии шаҳр, баланд бардоштани роҳу усули хоҷагидорӣ, беҳдошти некӯаҳволии мардум давоми соли гузашта корҳои шоистаю назаррас ба сомон расонида шудаанд.
Ҷамъоварии маблағи андозҳо дар 12 моҳи соли 2022-юм 91 фоиз иҷро гардида, ба буҷа 58,2 млн сомонӣ ворид гардидааст. Ҳамагӣ андози иҷтимоӣ дар соли 2022-юм 99 фоиз иҷро ё ин ки 41,5 млн сомонӣ таъмин гардидааст. Қисми хароҷоти буҷет бошад, аз рўи нақшаи пешбинишуда дар соли 2022-юм 99 фоиз ё 59,5 млн сомонӣ таъмин карда шудааст.
РУШДИ СОҲАИ САНОАТ
Корхонаҳои саноатии шаҳр дар соли 2022-юм 1,6 млрд сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд.
Ҷиҳати татбиқ намудани ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии босуръати мамлакат аз тарафи соҳибкорони шаҳр бо маблағгузории мустақим корхонаҳои нави саноатӣ, аз қабили истеҳсоли “Микросемент”, коркарди сангҳои ороишӣ, маводҳои сохтмонӣ, гаҷи кардонӣ, қуму шағал бо таъсиси 142 ҷойи корӣ сохта ба истифода дода шудаанд.
Ҷиҳати иҷрои банди 45-и қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31-уми марти соли 2022, №151 “Дар бораи қоидаҳои андозбандии фаъолияти соҳибкорони инфиродии дар асоси патент ё шаҳодатнома фаъолияткунанда” дар ин давра 4 адад коргоҳҳои истеҳсолӣ, аз ҷумла 2 адад коргоҳҳо бо истеҳсоли хишти қирӣ (сементблок) “Қубонгул”, “Қубони Шунгакӣ”), “Лаззати Норак” бо истеҳсоли гӯшти мурғ ва “Умедҷони Хуршед” бо истеҳсоли молҳои дўхта ҳамчун ҶДММ аз нав ба қайд гирифта шудаанд.
СОХТМОН ВА МЕЪМОРӢ
Иҷроиши корҳои сохтмонӣ-пудратӣ дар 11 моҳи соли 2022-юм 423,1 млн сомонӣ ба анҷом расонида шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли 2021-ум 2,5 баробар ё ин ки 253,9 млн сомонӣ зиёд мебошад.
Дар соли 2022 аз ҷониби соҳибкорон 36 иншоот ба маблағи 46,0 млн сомонӣ сохта мавриди истифода қарор дода шудааст.
Ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси нақшаи чорабиниҳо сохта ба истифода додани 180 адад иншоот, аз ҷумла 8 адад биноҳои маъмурӣ, 8 адад муассисаҳои таълимӣ, 6 адад табобатӣ, 5 адад варзишӣ, 2 адад фарҳангӣ, 20 адад корхонаҳою коргоҳи саноатӣ ва 131 адад иншооти хизматрасонию маишӣ, истиқоматӣ, кишоварзӣ, фароғатӣ ва савдо ба нақша гирифта шудааст.
То ба имрўз дар 120 адад иншооти гуногун корҳои сохтмонию азнавсозӣ оғоз гардида, 30 адад иншооти таъиноташон гуногун сохта ба истифода дода шудаанд.
БАРНОМАИ РУШДИ ИҶТИМОИВУ ИҚТИСОДӢ
“Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии шаҳри Норак барои солҳои 2021-2025» бо қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳр аз 28-уми декабри соли 2020, №40 тасдиқ гардида, дар соли 2022-юм 35 лоиҳа ба маблағи 47,2 млн сомонӣ иҷро шуда ва 43 лоиҳаи дигар ба маблағи 29,6 млн сомонӣ амалӣ гашта истодааст.
Вобаста ба ин, шуъбаю бахшҳои саноат, маориф, сармоягузорӣ ва идораи амвол, кишоварзӣ, меъморӣ ва шаҳрсозӣ, кор бо ҷавонон, варзиш, фарҳанг ва сардорони корхонаю муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгард, шабакаҳои тақсимоти барқ, алоқа, ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ вазифадор карда шудаанд, ки амалишавии сармояҳои хориҷиро зери назорати доимӣ қарор дода, баҳри марҳила ба марҳила амалӣ гаштани лоиҳаҳо чораҳои заруриро амалӣ намоянд.
МОҲИПАРВАРӢ
Соҳаи моҳипарварӣ дар шаҳр яке аз соҳаҳои рӯ ба инкишоф буда, ба 14 адад хоҷагиҳои моҳипарварӣ масоҳати умумии 139,5 гектар қитъаҳои замин дар заминаи обанбори НБО-и “Бойғозӣ” ҷудо карда шуда, аз ин 7 адад хоҷагӣ кӯлу ҳавз ташкил ва дар масоҳати умумии 16,77 гектар кӯл ба парвариш ва сайди моҳӣ машғул мебошанд.
Ба гуфтаи раиси шаҳри Норак Дилшод Асозода, шаҳр на танҳо сол ба солу моҳ ба моҳ, балки рўз ба рӯзу соат ба соат симои нав ба худ касб мекунад.
— Агар дар 10 моҳи соли гузашта 17 иншоот сохта мавриди истифодабарӣ қарор гирифта бошанд, пас имрўзҳо корҳои сохтмонӣ, таҷдиду азнавсозии кўли «Ҷавонон», пули нақлиётии маҳаллаи Даҳана, 2 майдони варзишӣ, 6 адад биноҳои чорошёна дар маҳаллаи Дӯконӣ, бинои кинотеатри «Вахш», як бинои ҳафтошёна, бинои маркази саломатии маҳаллаи Лангар, 6 адад нуқтаҳои савдою хизматрасонӣ, муассисаи томактабӣ босуръат идома доранд. Мардуми сарбаланди шаҳри Норак дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар самти ободонӣ роҳнамои созандагию бунёдкориҳои хеш карда истодаанд,- меафзояд Дилшод Асозода.
Бобоҷони НЕЪМАТУЛЛО
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ