Норак: Зани ҳомила худро ба об партофт
Арафа Худойназарова, сокини 29-солаи деҳаи Лангари шаҳри Норак, ки ба қавли мақомот интизори ба дунё омадани тифл буд, худро ба дарёи Вахш партофтааст. Мақомот гуфтанд, ки ҳодиса баъд аз зуҳри 13-уми июн дар наздикии “водопад” ё туннелҳои нирӯгоҳи барқи обии Норак иттифоқ афтод.
Ҷустуҷӯи ҷасади Арафа идома дорад вале баланд будани сатҳи оби дарё ин корро то андозае мушкил кардааст. Мувофиқи маълумотҳои Арафа оиладор буда, интизори тифли авалаш буд
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ