Норасоии кадрӣ дар бозори меҳнати Русия
Дар бозори меҳнати Русия норасоии коргаронро муайян кардаанд. Дар ин бора дар пажуҳиши шабакаи аудит ва машваратии FinExpertiza гуфта шудааст.
Бино ба иттилои Lenta.ru, тобистон ва тирамоҳи соли 2021 ба ширкатҳо тақрибан 2,2 миллион нафар кадр намерасад. Дар баробари ин, тибқи хулосаи таҳлилгарон, аз моҳи октябри соли 2020 то октябри соли 2021 талабот ба кадрҳо қариб чоряк баробар афзудааст. Нарасидани коргарон дар бозори меҳнат аз оғози соли 2021 бо барқарор шудани фаъолияти соҳибкорӣ афзоиш меёбад. Авҷи аълои норасоии кадрҳо дар соли 2021 ба моҳи август рост омад, ки барои корфармоён 2,25 миллион корманд намерасид. Дар моҳи май шумораи ҷойҳои холии корй ба 2 миллиону 100 ҳазор нафар расида, дар давоми шаш моҳ кам нашудааст.
«Агар соле пеш ба як ҷои холӣ ду нафар бекор рост меомад, ҳоло вазъ комилан баръакс аст. Ҷойҳои холии корӣ назар ба хоҳишмандони кор ду баробар бештар аст»,- шарҳ додааст президенти FinExpertiza Global Елена Трубникова. Ба гуфтаи ӯ, иқтисод норасоии шадиди коргаронро аз сар мегузаронад, ки дар ҳеҷ куҷо пайдо намешаванд. «Нарасидани коргарон ҳоло на ба маҳдудиятҳои карантинӣ, балки пеш аз ҳама ба мушкилоти демографии коҳиш ёфтани аҳолии синну соли қобили меҳнат алоқаманд аст»,- меафзояд Трубникова.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ