Норим Одинаев: Табиб бояд эҳтиёткор бошад!
Норим Одинаев хатмкардаи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯали ибни Сино аст. Соли 1987 баъди хатми интернатура солҳои зиёд дар Беморхонаи марказии шаҳри Панҷакент ва соли 1998 то соли 2004 дар Беморхонаи ҷумҳуриявии Қария Боло ҳамчун осебшинос кор кардааст.
Дар мамлакатҳои ҷаҳон, аз ҷумла Яман ва Африқо ба ҳайси ҷарроҳ -осебшинос кор карда, ҳоло дар беморхонаи “Истиқлол”, дар шуъбаи осебшиносӣ ба ҳайси ҷарроҳ- осебшинос фаъолият мекунад. Бо ҷарроҳ Норим Одинаев суҳбати фишурдае анҷом додем, ки фишурдааш пешниҳоди хонандагон мегардад.
— Шумо чанд соли охир дар хориҷа, яъне Яман қарор доштед. Он ҷо ба чӣ кор машғул будед?
-На танҳо дар Яман, балки дар давлати Африко дар шаҳри Сомолиланд ҳамчун ҷарроҳ — осебшинос кор мекардам. Дар беморхонаи шаҳри Сомолиланд 6 сол кор кардаам. Тоҷикисон Ватани ман аст. Солҳои дароз дар хориҷа будам, вале меҳри Ватан дигар аст, баргаштам, то барои халқам хизмат кунам.
— “Бисёр сафар мебояд, то пухта шавад хоме”,- гуфтаанд.
Манзури маро фаҳмидед. Аз тибби мамолики хориҷ чӣ бардоштед?
-Ҳар куҷо ба худаш мактабе дорад. Мактаби Яман бошад, пур аз таҷриба мебошад. Аз тамоми мамлакатҳои ҷаҳон духтурон кору фаъолият мекунанд. Мо аз онҳо сабақ мегирем, онҳо бошанд, аз мо. Табибон аз Чин, Куба дар он ҷо кор мекунанд.
Тамоми табибони ин давлат таҷрибаомӯзии худро дар давлатҳои тараққикардаи ҷаҳон гузаронидаанд. Дар тибби хориҷа низ дар соҳаи осебшиносӣ кор мекардам. Дар он ҷо ҷарроҳӣ зиёд ба назар мерасид, аз ҷумла травматизм.
-Чаро маҳз ҷарроҳ — осебшинос шудед?
-Ҳар шахс шояд аз хурдӣ орзуи касберо дар дил мепарварад. Меҳри ин касб низ дар қалби ман аз хурдӣ маскан гирифт. Замони донишҷӯӣ дидам, ки касби ҷарроҳ- осебшинос чӣ қадар мушкил аст. Шояд ҳоло дар соҳаи интихобкардаам на он қадар муваффақ шудаам, вале фикр мекунам мақсад ин дӯст доштани касб ва хизмат ба халқу миллати худ мебошад.
-Айни замон дар Маҷмааи давлатии “Истиқлол” фаъолият доред. Ин ҷо чӣ шароит дорад?
-Дар шуъбае, ки ман фаъолият мекунам, тамоми ҷарроҳии замони муосирро бе ягон мушкили мегузаронанд, зеро бо таҷҳизоти замони муосир муҷаҳҳаз мебошад. Ҳатто иваз кардани буғумҳои кос, буғумҳои пой ва дигар амалиётҳое, ки дар дигар давлатҳои тараққикардаи ҷаҳон гузаронида мешавад, бе ягон мушкилӣ дар ин беморхона мегузаронанд.
-Ба андешаи шумо, табиб бояд кадом хислатҳоро дошта бошад ва зимнан киро дар ин соҳа идеали худ мепиндоред?
-Табиб,пеш аз ҳама, хоксор, ширинсухан, нотарс ва аз ҳама муҳим эҳтиёткор бошад, зеро саломатии халқу миллат дар дасти инҳо мебошад. Бояд табиб бо суханаш беморро шифо бахшад. Бисёр устодон маро дар ин соҳа дастгирӣ намудаанд.
Аз ҷумла, табибон аз Маскав ва Ленинград, ба ман биёр нозукиҳои ин касбро омӯзонидаанд. Идеали ман дар ин соҳа Аъзам Тоҳирович Пӯлотов мебошанд. Аъзам Пӯлотов ҷарроҳи кӯдакона буданд. Устод, мутаассифона вафот карданд, ки ҳамеша дастгири мо — шогирдон буданд.
-Имрӯз дастоварди тибби кишварро дар чӣ мебинед?
-Ҳамчун мутахассис гуфта метавонам, ки соҳаи тиб дар Тоҷикистон бисёр пеш рафтааст, зеро чанд сол пеш мардум барои ҷарроҳӣ ба дигар давлатҳо сафар мекарданд. Худ шоҳидем, ки беморхонаҳо бо тамоми таҷҳизоти замони муосир муҷаҳҳазанду мушкилӣ умуман ба назар намерасад.
-Ташаккур барои суҳбат.
Уғулой Қутбиддинзода
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ