Норомии навбатӣ дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон (аксҳо ва садо)

Шаби 9 ба 10 –уми январи соли равон дар марзи Исфара ва Боткент низои навбатӣ рух дод.

Иқбол Тешаев, сухангӯи ҳукумати шаҳри Исфара ба Pressa.tj иттилоъ дод, ки баъди ин ҳодиса, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон ва Қирғизистон, раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, раиси шаҳри Исфара Сиҷоуддин Саломзода бо ҳамтои қирғизашон ба ҷои ҳодиса омада, қазияро баррасӣ намуданд.

Иқбол Тешаев ҳодисаи шаби 9 январро сеюмин амали иғвогаронаи ҳамсояҳо дар ин минтақа, дар даҳрӯзаи аввали соли 2020 маҳсуб медонад. Номбурда қазияро ба таври мафассал чунин шарҳ дод:
“Субҳи имрӯз – 10 январи соли 2020 хабари нохуши тирпарронӣ дар марз, воқеъ дар минтақаи наздисарҳадии маҳаллаи Сомониёни ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ аз ҷониби сокинон ва низомиёни Қирғизистон боиси изтиробу нороҳатии мардуми мо гардид.

Субҳидами 8 январи соли 2020 сокинони маҳаллаи Кӯктоши ноҳияи Боткон хонаи истиқоматии дар боғаш даҳсолаҳо қабл бунёдкардаи истиқоматкунандаи ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфара Нарзулло Абдуллоевро оташ задаанд, ки дар натиҷа бино фуру рафта, умуман корношоям гаштааст.

9 январи соли 2020, соати 21.20 шаҳрвандони Қирғизистон бидуни сабабе мошини сабукрави шахсии шаҳрванди Тоҷикистон, истиқоматкунандаи ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ Зафар Аъзамовро мавриди сангборон қарор дода, оинаҳои онро шикастанд.

Шаби 9-ум ба 10-январи соли 2020 тахминан аз соати 02-00 то 02-30 дар марз тирпарронӣ ба ҳаво аз ҷониби шаҳрвандон ва низомиёни қирғиз сурат гирифт, ки мувофиқи маълумоти расида бо истифода аз яроқи шикорӣ ва автомати Калашников парронида шудаанд.

Тирпаррониҳои бетартибона танҳо соати 02-30 баъд аз дахолати намояндагони ВКД ва Хадамоти сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишвари ҳамсоя қатъ гардидааст.

Оиди дар натиҷаи ин тирпарронӣ осеб дидани шаҳрвандони Тоҷикистон ҳанӯз иттилое нарасидааст.

Бояд тазаккур дод, ки ин 3 воқеаи нохӯши дар даҳ рӯзи аввали соли равон рухдода, идомабахши силсилаи амалҳои иғвогарона ва муноқишахоҳонаи сокинон ва низомиёни Ҷумҳурии Қирғизистон дар соли 2019 аст.

Давоми соли 2019 дар минтақаҳои наздисарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон 14 маротиба муноқишаю тирпарронӣ рух додаст, ки дар натиҷа 6 шаҳрванди Тоҷикистон ва 1 шаҳрванди Қирғизистон кушта, зиёда аз 60 нафар маҷруҳ шудаанд”.

Соли 2019 дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон зиёда аз 14 маротиба муноқишаву тирпаронӣ ба амал омадааст, ки 6 шаҳрванди Тоҷикистон ва 1 шаҳрванди Қирғизистон кушта шуда, зиёда аз 60 нафар маҷрӯҳ гаштаанд.

Охирин ҳодисаи нохӯши дар соли 2019 бо истифода аз яроқ дар марз рухдода аз тири силоҳи шикории шаҳрвандони Қирғизистон ярадор шудани шаҳрванди Тоҷикистон, истиқоматкунандаи ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфара Сафарова Тайиба буд, ки мавсуф то ҳол таҳти назорати табибон қарор дорад.

Сокинони маҳалҳои наздисарҳадии деҳоти Чоркӯҳ ва Ворух дар тарҳрезӣ ва рухдоди ин ҳодисаҳои иғвогаронаю моҷароангез беш аз аҳолӣ худи сарҳадбонони Қирғизистон, аз ҷумла сардори Дидбонгоҳи «Кок-Тош» Мирбек Султанбековро сабабгору гунаҳкор меҳисобанд.
Мавриди зикр аст, ки чунин амалҳои иғвогаронаю моҷароҷӯёнаи шаҳрвандони Қирғизистон ҳамчунон дар минтақаҳои марзиашон бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон низ сурат мегирад.

Бино бар иттилои васоити ахбори умум рӯзи 6 январи соли 2020 айнан чунин як ҳодиса ва муноқиша дар марзи Қирғизистону Ӯзбекистон, дар қарибии деҳаи Кок-Тоши вилояти Ҷалолободи Қиргизистон, дар минтақаи ба истилоҳи дӯстдоштаи қирғизҳо «марзаш ҳанӯз номуайян» рух додааст.

Тавре аз таҳлилҳо бармеояд, шаҳрвандон ва низомиёни Ҷумҳурии Қирғизистон амалҳои иғвогарона ва ҳодисаҳои моҷароангезро маҳз дар минтақаҳои марзашон номуайян – ҳанӯз делимитация ва демаркациянашудаи сарҳади давлатӣ ташкилу роҳандозӣ мекунанд, ки ҳадафу мақсади онҳо ҳатто ба кӯдаки мактабхон маълум аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *