Норозигии иқтисоддонҳо аз рейтинги кишварҳо аз рӯи сарватмандӣ
Дар яке аз нашрияҳои амрикоӣ интишор ёфтани рейтинги ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна (дар байни 186 кишвари ҷаҳон) аз рӯи сатҳи зиндагӣ ва даромад ба ҳар сари аҳолӣ, сиёсатшиносон ва иқтисоддонҳои соҳаи омӯзиши сарватмандиро дар ҳайрат гузошт.
Онҳо то ҳадде дар ҳайрат монданд, ки Қазоқистон дар он мавқеи асосиро ишғол менамояд. Яъне дар байни камбағалон сарватмандтарин маҳсуб мешавад ва ҷои 50-ум дар ҷаҳонро мегирад, ки боварии касе намеояд.
Онҳо эътироз карданд, ки аввалан, кӣ ва чаро ин рейтингро ҷамъбаст кардааст? Сониян, ин рақамҳо аз куҷо пайдо шуданд? Савум, чиро ҳамчун нуқтаи ибтидоӣ гирифтаанд? Дар ин паём бисёр чиз равшан нест.
Бо вуҷуди ин, иддао мешавад, ки Туркманистон дар хати 77, Ӯзбекистон 127, Қирғизистон дар 142 ҷойгир шудаанд. Тоҷикистон фақиртарин ҷумҳурии ОМ номида шудааст: ҷойи 153-юм.
Аммо сиёсатшиносон ин ҷойҳоро танқид карданд. Чӣ гуна кишвари қафомондаи африқоии Нигерия аз иқтидори энергетикии Тоҷикистон якбора панҷ зина пештар аст? Яъне бовар кардан ба чунин рейтинг, ба эътиқоди сиёсатшиносон, маъние надорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ