Норзигии митингчиён: “Марг бар диктатор!”

Норизоигӣ аз камбуди об ва мушкилоти иқтисодӣ дар Эрон то ба кӯчаҳои Теҳрон доман паҳн кард. Ба иттилои Радио Фардо, эътирозгарон субҳи 26 июл бо нидоҳои “Марг бар диктатор” норизоияти худро аз раҳбарияти исломии кишвар баён карданд. Аксу наворҳои видеоӣ аз хиёбони Ҷумҳурии Исломӣ дар маркази Теҳрон ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт. Эътирозгарон дар Теҳрон инчунин пуштибонии худро аз мардуми Хузистон ва дигар шаҳрҳои Эрон баён карданд, ки аз 15-уми июл ба ин сӯ бо сабаби камбуди об даст ба эътироз задаанд.

Дар як навори видеоӣ эътирозгаре дар Теҳрон аз раҳбарияти сиёсии кишвар ошкоро норизоият карда мегӯяд: “Тӯп, тонк, оташбозӣ, охундҳо бояд бираванд”. Дар видеоҳои дигар бо ишора ба раҳбари олии Эрон Оятулло Алии Хоманеӣ нидоҳои “Шармандагӣ ба Хоманеӣ, ба кишвари ту”, “Бирав!” садо медиҳад.

Эрон, ки дастикам 50 соли охир бо мушкили биёбоншавӣ рӯбарӯ шудааст, бо сабаби мушкили мудирияти бади низоми обтаъминкунӣ мавриди интиқоди мардумаш мебошад. Дар манотиқи Эрон мушкили камбуди барқ ҳам як масъалаи ҷиддии дигари солҳои охир табдил шудааст. Аз замони шурӯи эътирозҳо дар Эрон мақомот дастикам 5 нафарро ба қатл расониданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *