Нос барои Полша сабаби депорти ҷавон шуд

Як шаҳрванди Тоҷикистон аз Белорусия депорт шудааст. Акнун давоми панҷ соли оянда ӯ ҳаққи вуруд ба ин кишварро надорад. 
Бино ба иттилои расонаҳои Белорусия, ин шаҳрванди 24-солаи Тоҷикистонро, ки қасди ба Лаҳистон (Полша)гузаштан доштааст, марзбонон дар гузаргоҳи марзии “Брест” боздошт кардаанд. Ӯ бо худ корти муҳоҷират надоштааст ва  ҳангоми ҷустуҷӯ аз ӯ ду кило нос ёфт ва мусодира шудааст.
Манбаъ меафзояд, маълум гардида, ки қаблан ин ҷавон барои нақзи қавонини муҳоҷират аз Русия ихроҷ шудааст: Ин ҷавон Феълан, дар боздоштгоҳи муваққатии гуруҳи марзбонии Брест нигоҳ дошта мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *