Нос накашу, рӯза бигир!
Таровеҳ барои занон дуруст аст, ба шарте, ки дар хонаи худ хонанд. Ҷамоат кардани занон кароҳият дорад ва раво нест.
Таровеҳ хондани занҳо ҷоиз аст?
Чанд рӯз пас моҳе оғоз меёбад, ки дар назди Худованд аз ҳама беҳтарин ва мақбултарин моҳҳо ба шумор меравад. Албатта дарк кардед, ки сухан дар боби моҳи мубораки Рамазон меравад. Ин моҳи пурфайз аҷру савоби зиёде дорад. Ба хотири маълумоти бештар пайдо намудани шумо дар боби нозукиҳои рамазону рӯза мо суҳбати ҷолибе оростем бо Азизбек Асламзода, имом–хатиби масҷиди ба номи Эшони Асламхон ва инак, фишурдаи онро пешкашатон месозем.
-Домуллои муҳтарам, сароғоз мегуфтед, ки чаро дини мубини ислом ба моҳи рамазон нисбати дигар моҳҳо ин қадар бартарӣ додааст?
—Моҳи рамазони пурфазилат,
Гаштанд ҳама ғарқи нуру раҳмат.
Ё раб ба карам ба бандагонат,
Дидор бинамой биҳишту ҷаннат.
Ин байтҳоро беҳуда нагуфтаанд. Танҳо шаби Лайлатулқадри рамазон аз тамоми моҳҳо бартарӣ дорад, зеро дар ин шаб наҷотбахши тамоми башарият аз оташи дӯзах-Қуръони Карим нозил шудааст. Дар моҳи шарифи рамазон ва хоса дар шаби қадр Ҷабраил аз осмон фуруд омада, дар рӯи замин гаштугузор мекунад, то бубинад, ки мардум ба чӣ кор машғуланд . Касоне, ки таровеҳ мехонанд, бо қироати Қуръон машғуланд ва парвардигорро ёд менамоянд, номи онҳоро Ҷабраил дар китоби махсус сабт месозад ва Худованд ин бандагони содиқашро аз оташи сӯзони дӯзах наҷот медиҳад.
-Таровеҳ гуфтеду як чизи аҷиб ба ёдам расид. Дар дигар моҳҳо масҷидҳо нимхолианд, вале ҳамин, ки рамазон оғоз ёфт, якбора тамоми масҷидҳо аз таровеҳхонҳо пур мешаванд. Аксари касоне, ки ба намози таровеҳ мераванд, дар дигар моҳу рӯзҳо намозҳои панҷвақтаро намехонанд. Магар фарзро тарк намуда, танҳо ба ҷо овардани суннат ва таровеҳ хондан дуруст аст?
—Шумо дуруст мегӯед, намози таровеҳ як ҷузъи моҳи Рамазон ва фармудаи паёмбари ислом буда, суннати муаккада ба шумор меравад. Намозҳои панҷвақта ин фармудаи Худованд, яъне фарз ҳастанд. Кадомаш авлотар аст? Албатта фармудаи Худованди Азза ва Ҷалла! Аслан, таровеҳ барои онҳоест, ки дар назди Худованд қарздор нестанд. Бояд дар давоми сол аввал қарзҳои худро адо намуд, он гоҳ ба кори хайр, яъне хондани намози нафл, ки таровеҳ низ аз ҷумлаи онҳост, даст зад. Оё шумо метавонед қарзи худро адо накарда, тӯи пурдабдаба ороед ё мошини гаронбаҳо харед? Дар ин ҳолат касе, ки ба шумо қарз додааст, метавонад аз гиребонатон гирифта бигӯяд: “Ҳой фалонӣ, аввал қарзи маро бидеҳ, он гоҳ худнамоӣ кун”. Намозҳои фармудаи Худовандро нахонда, магар мешавад, ки суннатро адо намуд?!
-Ташвиши занҳо дар моҳи шарифи рамазон бештар мешавад, онҳо субҳу шом барои аҳли оила ва шавҳару фарзандонашон хӯрок тайёр мекунанд, мерӯбанд, мешӯяд ва боз рӯза медоранд. Оё дар ин моҳи муборак ба хонумҳо ягон сабукӣ дода шудааст?
-Ҳамсар ва модар будан маънои онро надорад, ки дар ин моҳи муборак ҳама корро зан бояд анҷом диҳад. Шавҳару фарзандонаш бояд ба зан ёрӣ расонанд, дар сомон додани кору бори рӯзгор кӯмак кунанд, чунки занҳо низ баробари мо намоз мехонанд, рӯза медоранд. Фақат як нуктаро таъкид кардан мехоҳам, ки ба одамони рӯзадор некӣ кардан дар ин моҳ хайру савоби зиёде дорад. Занҳову модарони азиз, агар барои субҳона ғизо тайёр карданд ва ё хӯроки шом пухтанд, ҳаргиз кори кардаашонро миннат накунанд, ки аз савоби некӣ ба одамони рӯзадор бе баҳра мемонанд.
-Солҳои охир баҳсу мунозираҳо дар бораи таровеҳ ва намози ҷамоат хондани занҳо хеле зиёданд. Мегуфтед, ки аз нигоҳи ислом таровеҳ хондани занҳо раво ҳаст ё не?
—Таровеҳ барои занон дуруст аст, ба шарте, ки дар хонаи худ хонанд. Ҷамоат кардани занон кароҳият дорад ва раво нест. Аслан овози баланд баровардани занон дар намоз худаш кароҳият дорад.
-Шариати ислом барои занон дар моҳи шарифи рамазон чанд сабукӣ додааст. Мегуфтед, ки дар кадом ҳолатҳо модарону хоҳарони мо аз гирифтани рӯза озоданд?
-Оре, дар моҳи Рамазон ба занон баъзе сабукиҳо дода шудааст, ки аксарият инро медонанд. Барои касоне, ки огоҳ нестанд, бори дигар ёдрас мешавем, ки рӯза доштан ва намоз хондани зани ҳайздида то комилан сиҳат шуданаш манъ аст. Рӯзаеро, ки дар айёми ҳайзаш надоштааст, зан баъди моҳи рамазон медорад, аммо намозашро қазо намегузорад. Ҳамчунин занҳое, ки тифли ширхора доранд, гирифтани рӯза барояшон ҳатмӣ нест ва ба ҷои он фидия медиҳанд, яъне хайр мекунанд. Боре ба назди Расули Худо (с.с) зане омада гуфт, ки кӯдаки ширхора дорад ва имкони рӯза гирифтанаш нест, Паёмбар гуфтанд, ки ҳарчи дорӣ, хайр кун ва рӯза нагир. Зан гуфт, ки дар бисоташ ба ҷуз андаке хурмо дигар чизе надорад. Он гоҳ Расули Акрам фармуданд, ки ҳамон хурмоҳоро якҷо бо фарзандонаш хӯрад, ин хайри ӯ ҳисоб мешавад.
-Боз як саволи дигар дорем сари мавзӯе, ки одамони носкашу тамокукашро ҳар рамазон ба ташвиш меорад. Ҳар дуи ин мавод аз гулӯ поён намераванд, чаро онҳоро рӯзашикан мегӯянд?
-Носкашию сигоркашӣ одати бад буда, ҳарду ҳам рӯзаро мешикананд, зеро ҳар чизе, ки кайфият мебахшад, дар Ислом ҳаром аст. Дар моҳи мубораки Рамазон касоне, ки носу сигор мекашанд, бояд аз ин одати бад даст кашида, на танҳо то фарҷоми рӯза, балки аз истифодаи носу сигор якумра худдорӣ намоянд. Боқӣ, ба шумо моҳи пурфайзу баракати Рамазонро табрик гуфта, дуо мекунем, ки Худованд ҷумла бандагонашро ба роҳи рост ҳидоят созад ва дар ҷаннат маъво диҳад.
Мусоҳиб:
А. Ҳоҷӣ
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ