Нос рӯзаро мешиканад?
Баъзе муллоҳо мегӯянд, бо сабаби он ки нос фурӯ бурда намешавад, кашидани он рӯзаро намешиканад. Мегуфтед, ки бо кадом далел кашидани нос рӯзаро мешиканад?
Лоиқ, Қӯрғонтеппа.
Ҷавоб: -Рӯза гирифтан ба хотири даст кашидан аз рафтору гуфтори бад аст, ки ба инсон зарар мерасонад. Рӯза дар як сол як маротиба аст, аз ҳамин хотир мо бояд ақаллан дар ҳамин 30 рӯзи моҳи мубораки рамазон одатҳои бадро фаромӯш карда вуҷуду дасту дилу забони худро ба хотири Худованд пок нигоҳ дорем. Як бародари мусалмон нақл карда буд, ки домулло, ҳар сол дар моҳи шарифи рамазон ба сари оилаи мо як мусибати калон меояд. Пурсидам, ки он чӣ мусибате будааст, ки дар ин моҳи муборак меояд. Гуфт, ки падарам носкаш аст, вақте рӯза сар мешавад, ӯро кайфи нос мегирад ва ҳамаамонро дашному ҳақорат медиҳад, диламонро меозорад. Ба он ҷавон гуфтам, рафта ба падарат бигӯй, ки муфтӣ мегӯяд дигар рӯза надорад. Ҷавон ин гапро шунида ҳайрон шуд. Гуфтам, модоме, ки рӯза падари шуморо заррае тағйир надодааст, аз рӯза гирифтанаш ҳеҷ фоида нест.
Дар ин маврид Ҳасани Басирӣ мегӯяд, ки ҳар ибодатеро анҷом додию туро тағйир надод, бидон, ки ибодатат дар назди Худованд қабул нест. Ибодат, агар қабул шавад, инсонро тағйир медиҳад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ