Ношири пул дастгир шуд
Раиси бахши Иттиҳоди ҷавонони Ӯзбекистон дар ноҳияи Касбии вилояти Қашқадарё Б. А.-и 24-сола дар принтер пул чоп мекардааст.
Ба иттилои хабаргузории УзА, мансабдори ҷавон дар маҳаллаи «Муғлон» сехи дӯзандагиеро ба иҷора гирифта, бо принтери рангаи “LENOVO” пул чоп кардааст. Б.А. ҷамъан 172 дона пули 50-ҳазорсӯмӣ чоп карда, 84 донаи дигар барои нашр омода будаанд.
Пулҳои қалбакӣ дар натиҷаи як амалиёти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ӯзбекистон ошкор ва мусодира шудаанд.
Гумонбар боздошт ва зиддаш парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ